Бо дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Абдуфаттоев дар Федератсияи Россия аз ҳабс озод карда шуд

Июль 8, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 08.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 июл бо қарори Прокурори ноҳияи Кугарчинскии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоев Фурқат Абдуфаттоевич аз ҳабс озод карда шуд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, 2 феврали соли 2021 дар ҳудуди деҳаи Мраковои ноҳияи Кугарчинскии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия бо дархости истирдодии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Қирғизистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоев Фурқат Абдуфаттоевич, 13.10.1976 соли таваллудаш барои ташкил намудани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар ҳудуди минтақаи наздисарҳадӣ ва делимитатсияношудаи байни ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Боткани Ҷумҳурии Қирғизистон дастгир шуда буд.

«Бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи болозикр, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба, 11 ва 13  феврали соли 2021 унвонии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дархости асоснок ирсол намуда, аз ҳабс озод намудани Абдуфаттоев Ф.А.- ро хоҳиш намуд», — илова намуд манбаъ.

6 июл бо қарори Прокурори ноҳияи Кугарчинскии Ҷумҳурии Бошқирдистон чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан нисбати Абдуфаттоев Ф.А. тағйир дода шуда, охирон аз ҳабс озод карда шуд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

 

Июль 8, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид