COVID-19. Дар Тоҷикистон 34 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 34 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 18 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ 1 нафар фавтидааст.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 12 июл дар кишвар 13868 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13553 нафар (97,7%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 104 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
Акс аз манбаъҳои боз