Дар Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви СҲШ доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадафи вохӯрӣ густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ, ба ин васила рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии имконоти сайёҳӣ арзёбӣ мегардад. Дар вохӯрӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии сайёҳӣ, Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти сайёҳии Ҳиндустон, Қазоқистон, Покистон, Россия ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ роҳбарони мақомоти сайёҳии СҲШ масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои муштарак доир ба татбиқи Барномаи рушди ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2022 – 2023, масъалаҳои барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар шароити фарогири пандемияи COVID- 19-ро баррасӣ намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ байни иштирокчиён ва коршиносони соҳа доир ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар кишварҳои СҲШ табодули назар сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба густариши робитаи иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ ва ба ин васила муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Инчунин имрӯз дар доираи вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои СҲШ дар Душанбе Форуми сайёҳии давлатҳои СҲШ ва пагоҳ дар Боғи Ирам Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ гузаронида мешаванд.








Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Ҷаласаи даҳуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Тоҷикистон зиёдтар шудааст
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Кадом мавзеъҳои истироҳатии вилояти Суғдро бояд интихоб намуд?
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд






