Дар Суғд ва Хатлон филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 21.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар оянда дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода мешавад. Дар ин хусус 21 июл дар нишасти матбуотӣ ба расонаҳои хабарӣ Ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Убайдулло Асрорзода иттилоъ дод.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат имсол Убайдулло Асрорзода зикр намуд, ки раванди таълим дар ин давра дар Донишкада тибқи барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тасдиқ шудаанд, сурат гирифта, дар оғози соли таҳсили 2020-2021 дар Донишкада ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, нақшаҳои таълимӣ ва барномаи таҳсилотӣ барои 56 ихтисос таҳия гардиданд, ки барои самаранок ба роҳ мондани раванди таълим мусоидат намуданд.
Зикр шуд, ки дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва зарурати омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ аз рӯи 9 ихтисоси риштаи сайёҳӣ таҳсил ба роҳ монда шуд. Аз ибтидои соли таҳсили 2021-2022 боз аз рӯйи 4 ихтисоси нав дар ин самт таҳсил шурӯъ мегардад. Ҳамзамон дар баробари гурӯҳҳои амалкунандаи таҳсилашон бо забони англисӣ дар зинаи бакалавр боз аз рӯйи ихтисоси «Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ» гурӯҳи таҳсилаш бо забони англисӣ ташкил гардид.
Бо иқдоми роҳбарияти Донишкада дар ин давра аз фанҳои таълимии бахшҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзӣ дар маҷмӯъ 29 адад китоби дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастури методӣ аз фанҳои гуногуни таълимӣ таҳия ва нашр гардиданд. Инчунин барои пешбурди фаъолият аз рӯйи 15 ихтисоси нав, аз ҷумла 3 ихтисос дар факултети муштараки Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома гирифта шуд.
Бо дахли сатҳу сифати таҳсил дар Донишкада Убайдулло Асрорзода изҳор дошт, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон пайваста дар гурӯҳҳои таълимӣ-академӣ мониторинги сифати таҳсилот гузаронида шуд, ки тибқи натиҷаҳо, донишазхудкунии донишҷӯёни донишкада ба 84,3 фоиз расид. Инчунин соли равон 11 монографияи илмӣ, 4 китоби дарсӣ, 8 воситаи таълимӣ, 17 дастури методӣ, 8 рисолаи илмӣ, 423 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 68 мақолаи илмии дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда, 58 мақолаи илмӣ аз маводи конфронсҳои байналмилалӣ, 312 мақолаи илмӣ аз маводи конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва 48 мақолаи илмӣ-оммавӣ нашр гардиданд, ки нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 фоиз зиёд мебошанд.








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






