Файзиддин Қаҳҳорзода ва Шэнни Кэмпбелл ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, идоракунии давлатӣ ва ғайра 12 июл зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори кишварии Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шэнни Кэмпбелл баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молия хабар доданд.
Ҷонибҳо инчунин атрофи татбиқи Лоиҳаи «Дастгирии расонидани ваксинаҳои зидди COVID-19 дар доираи Фонди дастрасии ваксина дар Осиё ва Уқёнуси Ором» дар ҳаҷми 26,8 млн доллари амрикоӣ, ки аз он 25 млн доллари амрикоӣ маблағҳои грантиии Бонки Осиёии Рушд ва 1,8 млн доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Акс аз Вазорати молия








Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад






