«МАН НИҚОБ МЕБАНДАМ, ШУМО ЧӢ?»-даъвати роҳбари «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова аз сокинони мамлакат

Июль 2, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 02.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Бо мақсади эмин мондани худ ва  наздиконам аз бемории COVID-19 ва дарки баланди   масъулияти  шаҳрвандӣ ман ниқоб мебандам, шумо чӣ?» — чунин хитоб намудааст  дар яке аз роликҳои  таблиғотӣ роҳбари Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова ба сокинони мамлакат.

-Бо сабаби хуруҷи мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як сокини мамлакат қатъиян талаб карда мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд, аз маводҳои безараргардонӣ  истифода карда, бе зарурат дар берун гаштугузор накунанд. Зеро, танҳо бо роҳи риояи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб ва ҷонибдории сокинон метавон аз сироятёбӣ ба COVID-19 ва  дилхоҳ беморӣ даст ёфт, — тавсия дод Парвина Мухторова зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Тибқи иттилои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкур дар истифода накардани ниқоб, бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргаштанд, мебошад.

Ба хотири эмин нигоҳ доштани саломатии мардуми Тоҷикистон аз бемории сироятии COVID-19  зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   30 июн ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории COVID-19, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супориш доданд, ки масъалаи ваксинагузаронӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ, таъмини доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии серодамро  ба таври қатъӣ назорат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки  21 июни соли равон дар  мамлакат ҳолатҳои нави гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус — COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Июль 2, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон