НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Аз аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо беш аз 27 ҳазор адад лампаҳои симобдори аз истифода баромада ҷамъоварӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷамъоварӣ гардидани беш аз 27 ҳазор адад лампаҳои симобдори аз истифода баромада дар мамлакат хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки лампаҳои симобдори аз истифода баромада аз аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ҷамъоварӣ гардида, дар ҷойҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода 13 июл дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки ин тадбир ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» андешида шудааст.
Баҳодур Шерализода афзуд, ки дар ин давра Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъолияти худро дар партави сиёсати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда, санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ роҳандозӣ намуда, барои татбиқи барномаву нақшаҳои миллӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва пурзӯр намудани назорати давлатии ҳифзи муҳити зист корҳои назаррас анҷом додааст. Аз ҷумла, соли равон бо мақсади беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 875 аксияҳои экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуданд, ки дар онҳо беш аз 314 ҳазор нафар шаҳрвандон иштирок намуда, зиёда аз 4327,93 метри мураббаъ парвтоҳои истеъмолӣ ва сахтти маишӣ аз кӯчаю маҳаллаҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо бароварда шуданд.
Зикр шуд, ки ҷиҳати пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ бо мақсади ҳифзи захираҳои об 691 аксияи «Тозагии соҳил-2021» гузаронида шуд. Дар онҳо 210174 нафар аҳолии шаҳру навоҳӣ ва деҳоти мамлакат иштирок намуда, беш аз 1602 км каналҳои магистралӣ, обанборҳо, соҳилҳои дарёҳо ва дигар манбаъҳои обӣ аз партову ифлосиҳо тоза гардиданд.








Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон






