ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 июл, душанбе, 193-юмин рӯзи соли 2021 аст

Июль 12, 2021 08:00

12 июли соли 2012 дар Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени Ҳайдар Алиев ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуданд.

***

9 сол пеш, 12 июли соли 2012 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 10 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла, Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба имзо расиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони соҳаи энергетика ва олимону коршиносон машварати корӣ доир намуда, дар назди масъулин доир ба ҷоннок намудани корҳо ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷудаи вақт вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

12 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи суратгирон.

***

Дар Аргентина – Рӯзи муқимиҳо.

***

Дар Ҷумҳурии Кирибатӣ – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

12 июли соли 2011 ВАО хабар доданд, ки 11 июл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк маросими супоридани раёсат дар Гурӯҳи Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) аз Тоҷикистон ба Қазоқистон баргузор гардид.

***

12 июли соли 1934 дар Белгия ҳарбикунонии ҳизбҳои сиёсӣ манъ карда шуд.

***

21 сол муқаддам, 12 июли соли 2000 олимони бритониягӣ дар бораи сохтани ваксинае хабар доданд, ки ба одамон барои наҷот ёфтан аз ВНМО (СПИД) бояд кумак менамуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2000 дар Аляска заминҷунбии 6,5-балла ба қайд гирифта шуд.

***

12 июли соли 2010 дар мусобиқаи финалии чемпионати ҷаҳон испаниҳо дастаи мунтахаби Нидерландияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуданд. Ҳамин тариқ, чемпионҳои Аврупо аввалин маротиба ба Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол соҳиб гаштанд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1998 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи Франсия дастаи Бразилияро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд ва чемпиони ҷаҳон шуд.

***

Соли 2009 аввалин маротиба зан – Даля Грибаускайте Президенти Литва интихоб гардид.

Июль 12, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маводҳои таҳлилӣ