Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо «Rietumu Bank» тақвият мебахшад

Август 30, 2021 11:15

ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва «Rietumu Bank»-и Латвия дар мулоқоти  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо намояндагони Бонки «Rietumu Bank»-и Латвия Леонид Эстеркин — Раиси Шӯрои бонк ва Эммануил Гриншпун – ноиби Президенти бонк, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, дар Душанбе баррасӣ гардид.

Аз БМТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва намояндагони бонки «Rietumu Bank» вазъи кунунии низоми бонкии мамлакат, дурнамои рушди соҳа дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат, ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ, густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути истифодаи технологияҳои муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон имконияти ба роҳ мондани ҳамкории бонки «Rietumu Bank» бо бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода оид ба низоми бонкии Тоҷикистон ва дигаргуниҳое, ки дар лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, маълумот дод.

Зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба бахши бонкдории кишвар, фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шуда, «Rietumu Bank» метавонад дар ҷумҳурии мо бо имконияти бештару беҳтар ва ба манфиати ҳарду ҷониб ба бозори молиявӣ ворид гардида, дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузорад.

Намояндагони «Rietumu Bank» ҳавасмандии худро ҷиҳати роҳандозии муносибатҳои судманди дуҷониба иброз намуданд.

Бонки «Rietumu Bank»- яке аз бонкҳои бонуфузи тиҷоратии Латвия буда, аз рӯи ҳаҷми дороиҳо ба панҷгонаи калонтарин бонкҳои Латвия шомил мегардад.

Аксҳо аз БМТ

Август 30, 2021 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0400 то 11.0657 сомонӣ муқаррар шудааст
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5276 то 9.5600 сомонӣ муқаррар шудааст
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид