«ЧАШМАИ САРШОРИ ИЛМ АЗ ОСТОНИ МАКТАБ АСТ…». Пагоҳ дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ оғоз мегардад

Август 31, 2021 16:33

ДУШАНБЕ, 31.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 сентябр дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, Рӯзи дониш  бо Дарси сулҳ оғоз мегардад. Имсол ин рӯзи фархунда дар арафаи бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ —  30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. 

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, айни замон дар мамлакат 3911  муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии   2 108 942 хонанда пайи фаъолият қарор доранд. Имсол тақрибан 240 ҳазор кӯдак ҳамчун хонандаи синфи якум ба мактаб мераванд.

Муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсанд Холиқзода зимни суҳбат иброз дошт, ки дар соли таҳсили 2020-2021 дар 3911 муассисаи таҳсилоти умумӣ 2 108 942 нафар хонанда, дар 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ 22ҳазору 966 нафар хонанда, дар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 93ҳазору 531 нафар донишҷӯ ва дар 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 244652 нафар донишҷӯ  ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода зикр дошт, ки дар шаҳри Душанбе 182 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 11 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 163 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо назардошти мактабҳои шакли нав ва махсус), 3 муассисаи таҳсилоти ғоибона фаъолият менамоянд. Аз ин теъдод, 158 муассисаҳои таълимии давлатӣ ва 24 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ бо фарогирии 253205 нафар хонанда фаъолият менамоянд.

Мавсуф иброз дошт, ки дар соли таҳсили 2021-2022 дар шаҳри Душанбе бунёди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шудааст. Муассисаҳои нав бо шароити замонавӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шудаанд, ки пешорӯи мо вазифаи хеле пурмасъул-тарбияи ҷавонони болаёқат, омӯзонидани донишҳои замонавӣ ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ, дӯст доштани обу хоки Ватан ва садоқат ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани онҳо меистад.

Тавре шоир фармудааст:

Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст,
Мурғи масти орзу аз ошёни мактаб аст.
Ақлу дониш, илму ирфон, дафтару меҳри китоб,
Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони мактаб аст.

Бояд гуфт, ки мактаб манбаи илму ҳунар, хислатҳои вафодорӣ, дӯстӣ, озодандешӣ ва сулҳпарварист. Мактаб ёри меҳрубон, зинати умру ҳастиву тавон, озодандешии инсон ва маъхази маърифату ақлу заковати инсонҳост.

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр ҳамчун  Рӯзи дониш  дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷлил мегардад. Таърихи пайдошавии ин рӯз ба  даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рабт дорад. Бори аввал  соли 1984  дар Иттиҳоди Шӯравӣ расман якуми сентябр  ҳамчун Рӯзи дониш эълон  ва таҷлил  гардида буд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Август 31, 2021 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд