Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ калиди 14 манзили навбунёд ба соҳибонашон тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 21.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар вазъияти тантанавӣ калиди 14 манзили навбунёд ба соҳибонашон, ки бар асари офати табиии моҳи майи имсол зарар дида буданд, супурда шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Зимни тақдими калиди хонаҳои навбунёд муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода зикр дошт, ки шароити манзилҳо, рангу бор, интихоби масолеҳи сотмонӣ хуб ва олӣ истифода шуда, ба симои хонаҳо зеб мебахшад. Ин гуна манзилҳо дар ноҳияи Вахшу шаҳри Кӯлоб низ ба зарардидагон дода мешаванд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки бунёди шаҳраки нав бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери сиёсати халқпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурсати кӯтоҳ амалӣ гардида, сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти «Навобод» бо манзилҳои замонавӣ ва тамоми ҷиҳози рӯзгор таъмин мегарданд.
Инчунин сокинони ин мавзеъ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо маводи ғизоии яквақта таъмин гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи бориши зиёди борон, болоравии сатҳи обҳои зеризаминиву рӯизаминӣ ва аз меъёр зиёд шудани сатҳи оби сойи селпарто 6-7 майи соли равон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ офати табиӣ ба амал омад, ки дар натиҷа 20 манзили истиқоматии сокинон пурра хароб гардид.
Бо амалӣ намудани тадбирҳои саривақтии наҷотдиҳӣ, хушбахтона, дар ин офат талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд. Хисороти молие, ки дар ин ҳодиса ба аҳолӣ расидааст, бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан барқарор гардида истодааст. Аз рӯзҳои аввал ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, таъмини аҳолии зарардида бо хаймаҳои муваққатии истиқоматӣ, маводи рӯзгор ва озуқаворӣ зери назорати шахсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, зимни суҳбатҳои телефонӣ Сарвари давлат барои расонидани кумаки саривақтӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи зарардидагон ба роҳбарияти вилояту ноҳия дастурҳои қатъӣ дода буданд.
АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






