Муовинони Вазири тандурустӣ бо ҷараёни табобати гирифторони COVID-19 шинос шуданд

Август 6, 2021 09:16

ДУШАНБЕ, 06.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 август муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон —  Шодихон Ҷамшед аз бинои 6-уми Маркази миллии тиббии «Шифобахш» ва Зулфия Абдусаматзода аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсади боздид назорати хизматрасонии тиббӣ ба гирифторони сирояти COVID-19 ва шиносоӣ бо вазъи муассисаҳои тандурустӣ мебошад.

Муовинони вазир зимни боздид бо шароити муассиса ва ҷараёни хизматрасонии тиббӣ шинос шуданд.

Зикр гардид, ки дар ин ҷо гирифторони бемории коронавирус ба таври шабонарӯзӣ таҳти назорати табибон қарор дошта, духтурон  баҳри наҷоти ҷони онҳо тамоми кӯшишу талоши хешро равона намудаанд.


Дар муассисаҳои тандурустие, ки дар онҳо гирифторони бемории коронавируси нави COVID-19 бистарӣ шудаанд,  шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуда, табибон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.

Махсусан дар чунин муассисаҳо дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва дигар маводу таҷҳизоти тиббӣ дастрас мебошанд.

Зимни боздид муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  бо пайвандони беморон, ки берун аз беморхонаҳо қарор доштанд, суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат баҳри табобати  гирифторони ин беморӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

 

АКСҲО аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии ҶТ

Август 6, 2021 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад