Нақши Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ
ДУШАНБЕ, 14.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои нав ва зудрушдёбандаи Тоҷикистон буда, онро наметавон бе нақши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ном бурд. Зеро, пас аз ба эътидол омадани вазъи дохилии кишвар маҳз Пешвои муаззами миллат сайёҳиро самти афзалиятноки иқтисодиёти кишвар арзёбӣ намуда, барои пешрафти он ҳамаҷиҳата мусоидат намуданд. Сарвари давлат асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифгари таъриху фарҳанг ва санъату тамаддуни куҳани Тоҷикистони муосир дар ҷаҳони мутамаддин мебошанд.
Соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳо дар ин самт
Пас аз соҳибистиқлолӣ, дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат сайёҳӣ тадриҷанд рушд ёфта, ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, пазируфта шудани пойтахти ватанамон — шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, эълон гардидани шаҳри Душанбе-пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021, ба рўйхати ЮНЕСКО дохил гардидани “Саразм”, “Боғи миллӣ”, “Чакан”, “Ҷашни байналмилалии Наврўз”, “Оши палав”, “Мусиқии Шашмақом” ва “Фалак” далели ин гуфтаҳо буда, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрўю эътибор ва маъруфияти хосса гардид.
Дар ин давра инфрасохтори сайёҳии ба талаботи замон ҷавобгў ва бренди ҷаҳонидошта, аз қабили Серена Душанбе, Ҳаятт Реҷенси Душанбе, Шератон Душанбе, меҳмонхонаҳои 4,3 — ситорадор, хонаҳои миллии истироҳатӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ ва дигар иншооти маишию истироҳатӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар мавриди истифода қарор гирифтанд. Барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва, ҳамзамон, пешрафти сайёҳӣ дар ин муддат дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 километр роҳ ва 240 пул навсозӣ шуда, 30 километр нақбҳои мошингузар сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамаи ин дастовардҳо ба сатҳи сифатан нав ворид гардидани саноати сайёҳӣ дар кишвар гардид.
Таъсиси сохтори алоҳида оид ба рушди соҳа
Бо мақсади боз ҳам тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда, инкишофи инфрасохтор, беҳгардондани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби сармоя ва омодасозии кадрҳои болаёқат соли 2017 бо дастури Сарвари давлат сохтори алоҳида оид ба рушди соҳа — Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Кумита дар муддати кутоҳ тавонист таблиғи минтақаҳои сайёҳиро дар дохил ва хориҷи кишвар хуб ба роҳ монад. Бо ташаббус ва ёрии кумита намояндагони бахши сайёҳии мамлакат ба калонтарин намоишгоҳҳои сайёҳию тиҷоратӣ ва ҳунармандӣ, ки дар Олмон, Британияи Кабир, Малайзия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия баргузор мегарданд, ширкат варзида, захира ва имконияти сайёҳии мамлакатро ба дўстдорони сайру саёҳат таблиғу ташвиқ мекунанд.
Дар самти инъикоси иқтидори сайёҳии Ватанамон дар хориҷи кишвар, як қатор пресс-турҳо барои ВАО аз 11 кишвари Аврупову Осиё, лоиҳаи пресс-тури (Digital Silk Road) барои намояндагони ВАО-и Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Федератсияи Россия, боздид ва таҳияи барномаи сайёҳии “Поедем, Поедим” аз ҷониби шабакаи телевизионии “НТВ”-и Россия роҳандозӣ гардиданд. Дар сомонаҳои интернетии агентиҳои иттилоотии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла ТАСС, УзА, Кабар матолиби ҷолиб оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба табъ расиданд. Бо ибтикори кумита Портали миллии сайёҳӣ (www.traveltajikistan.tj) бо 7 забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, испанӣ, ҷопонӣ ва фаронсавӣ омода гардид. Саҳифаҳои кумита дар шабакаҳои иҷтимоии Ютуб, Фейсбук, Инстаграм фаъоланд.
Шуруъ аз давраи таъсисёбӣ кумита дар тарғибу ташвиқи соҳа аз тадбирҳои муассир кор гирифт. Чорабиниҳои зиёди фарҳангиву сайёҳӣ ҷумҳуриявию байналмилалиро доир сохт, ки ба шинохти беҳтару бештар ва эътирофи Тоҷикистон чун кишвари сайёҳӣ ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд.
Содатарин низоми дастрас намудани раводид
Бо ташаббуси Пешвои миллат дар соҳаи сайёҳӣ ислоҳоти муҳим амалӣ шуд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин ва камназир аст. Ин роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон, ҷорӣ гаштани низоми содакардашудаи раводид бо 112 давлат, инчунин аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳон мебошанд. Инчунин дар назар аст, ки низоми бераводид бо 50 кишвари ҷаҳон аз январи соли 2022 ҷорӣ гардад. Низоми мазкур имкон медиҳад, ки сайёҳон ва шаҳрвандони хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тариқи онлайн (www.evisa.tj) раводиди электронӣ дастрас намуда, ба кишвари мо сафар намоянд. Тартиби содаи дастрасии раводид мунтазирии сайёҳон дар консулгарии сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар берун ва ё сарҳадотро аз байн мебарад.
Барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ раводиди навъи сайёҳии бисёркаратаи то 60-рўза низ фароҳам оварда шуд. Ҷиҳати содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола пешбинӣ гардид. Маҷаллаи «Вандерласт»-и Британияи Кабир низоми раводиди электронии Тоҷикистонро дар панҷгонаи беҳтарин ҷой дода, содатарин низоми дастрас кардани раводид номид.
Фароҳамоварии имтиёзҳои андозиву гумрукӣ
Пешвои муаззами миллат бо таҷрибаи бузурги худ, дар марҳилаи аввали рушди соҳа бахши хусусиро барои сармоягузорӣ ҳавасманд гардонда, барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ заминаҳои зарурии иқтисодӣ ва ҳуқуқиро фароҳам оварданд. Дар ин радиф, бо ибтикори Сарвари давлат ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида озод шуданд. Имтиёзҳои мазкур натиҷаҳои самарабахш ба бор оварда, аз аввали ҷорӣ гардидан то ин дам шумораи умумии ширкатҳои сайёҳӣ дар кишвар ба беш аз 200 -то расид. Инчунин, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуда, боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш ёфт. Фароҳамоварии имтиёзҳои мазкур ҳавасмандии соҳибкоронро боз ҳам зиёд намуд ва танҳо дар заминаи ин имтиёзҳо феълан ҳудуди 30 лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ дар самтҳои бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳи танобӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳ ва дигар иншооти сайёҳӣ идома доранд.
Қариб якуним миллион сайёҳ дар як сол
Бо назардошти таърихи пурғановату мероси бойи фарҳангӣ, табиати нодири серобуранг ва беҳсозии вазъи иҷтимову иқтисодии минтақаҳои кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд. Дар ин солҳо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа мустаҳкам гардида, Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул шуд. Дар асоси стратегия бори нахуст нишондиҳандаҳои рушди соҳа, аз қабили шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоваранда, саҳми сайёҳӣ дар ММД, содирот, миқёси хизматрасониҳо, мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои меҳмоннавоз муқаррар гардиданд. Соли 2018 ин нишондиҳандаҳо то ҳадди имкон натиҷагирӣ шуда, шумораи сайёҳони хориҷӣ ба як миллиону 155 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба як соли пеш 2,6 маротиба зиёд аст. Шумораи сайёҳони дохилӣ бори аввал 751 ҳазор нафарро ташкил дод. Саҳми соҳа дар ММД ба 2,1 дарсад ва шумораи субъектҳои сайёҳӣ ба 255 -то баробар шуд. Дар пайи азму талошҳои мақсаднок соли 2019 соҳа нишондиҳандаҳои худро нигоҳ дошт. Мутаассифона, дар соли 2020, бар асари пандемияи ҳамагир рушди сайёҳӣ дар тамоми ҷаҳон ба таври муваққатӣ боз дошта шуд. Тайи ду сол аст, ки соҳа таназзули бесобиқаро аз сар мегузаронад. Вале, ба гуфтаи мутахассисон ин махсусан ҳамон фурсатест, ки бояд кабудиҳо, монеаҳо бартараф ва роҳҳои нави рушди соҳа тарҳрезӣ шаванд.
Муҳаббати беандоза ва ҳисси бузурги ғамхорӣ
Ҳамаи ин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати оқилонаи Сарвари давлат дар муаррифии мардуму сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист. Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин талошҳои хастанопазири Пешвои миллат ду ҷанбаи бисёр муҳим ҳувайдо мешаванд: аввалан, муҳаббати беандоза ба сарзамини Тоҷикистон ва дуюм ҳисси бузурги ғамхорӣ нисбат ба рўзгори сокинони он. Пешвои миллат, қабл аз ҳама худашон ин сарзамини биҳиштосоро дўст медоранд ва мафтуни ҳар гўшаи нотакрори ин диёр ҳастанд. Бинобар ин, бо камоли ифтихору эҳсоси баланди ватандўстӣ онро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд, то ҷаҳониён дар навбати худ ба кишвари мо ташриф оварда, бо табиати зебо, мардуми меҳмоннавоз ва фарҳангу ҳунари волои миллат ошно гарданд. Дигар ин ки рушди сайёҳӣ, беҳбуди вазъи зиндагии мардум, афзоиши даромади аҳолӣ, ободии шаҳру деҳоти кишварро дар пай дорад. Дар пешрафти ин соҳа манфиати сокинон нуҳуфтааст. Сайёҳӣ на танҳо ба кишвар шуҳрат меафзояд, балки ба ҳар гўшаи он сармоя ворид месозад, ба деҳаҳо ободӣ меорад, ба ҳунармандон бозору даромад фароҳам мекунад. Ин аст, ки рушди сайёҳӣ на танҳо масъалаи фарҳангӣ ва миллӣ, балки як барномаи бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодист.
Воқеан, осори ғании таърихию фарҳангӣ, муъҷизаҳои нотакрори табиати ҳифзшуда, фарҳангу тамаддуни волои миллати тоҷик таваҷҷуҳи ҳарчи бештари сайёҳони хориҷиро ҷалб менамоянд. Аз ин лиҳоз, бо итминони комил метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик, бо рафъи маҳдудиятҳои бинобар пандемияи COVID -19 пешомада, Ватани азизи мо – Тоҷикистони биҳиштосо ба яке аз кишварҳои тараққикардаи сайёҳӣ табдил меёбад, зеро ин яке аз ҳадафҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Шаҳноз ҚУРБОН,
рўзноманигори «Ҷумҳурият»