НОН ШУДАМ, ШОИСТАИ ҲАР ХОН ШУДАМ. Шаҳри Душанбе ғолиби озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ дар соли 2021 гардид
ДУШАНБЕ, 16.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. 15 август бо ташаббуси Иттифоқи Тоҷикматлубот дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» даври ҷумҳуриявии озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ баргузор гардид, ки ҷойи аввалро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷойи дуввумро вилояти Хатлону шаҳри Турсунзода ва ҷой сеюмро вилояти Суғду Бадахшон ба даст оварданд. Ба ташкилоту муассисаҳо ва нафароне, ки дар озмун фаъол буданд, Ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар озмуни мазкур нонпазҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт тарзи тайёр кардани нони тоҷикӣ, аз қабили нони чаппотӣ, сатрӣ, кулчаи хурду калон, фатир, таҳмол, орзуқ, фатири қад-қад, қалама, ҳалвои сурху сафед ва дигар маҳсулоти аз орди гандум тайёршавандаро пешниҳод намуданд.
Ҳакамони озмун маҳсулоти нонӣ, ҳамчунин ороиши дастурхони намояндагони минтақаҳои ҷумҳуриро тамошо карда, ба ҳунари волои кадбонувони тоҷик баҳо доданд.
Зимни муайян кардани ғолибон ба сифати нон, маҳсулоти нони миллӣ, ороиши он бо маҳсулоти гуногун ва дигар шартҳо диққати махсус дода шуд.
Ҳадафи асосии баргузории озмун аз эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини нонпазии ниёгон, тарғиби эҳтиром ба нон ва ҳунари нонпазӣ, намоиши пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои мамлакат, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он, ҳарчӣ бештар эҳё ва тарғибу ташвиқ кардани намудҳои нон ва маҳсулоти нонии парҳезӣ дар вилоят, шаҳру ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳаллаҳо иборат мебошад.
Озмун бо мақсади иҷрои банди 28 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 2019 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ гардид. Даврҳои якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» дар тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳо баргузор гардида, беҳтаринҳои он дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки тӯли чанд сол аст дар пойтахт Озмуни маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам», «Оши палав», фестивали «Хӯрокҳо ва пуфакҳои ҳавоӣ», фестивали баҳории хӯрокҳои миллӣ, «Хӯришҳои миллӣ», «Яхмос ва обҳои ташнагишикан» ва дигар иду ҷашнҳо бо шукӯҳи хосса баргузор мегардад.
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»
























Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад






