ШАҲРИ ҚАЛЪА АНДАР ҚАЛЪА ВА ЗЕБОРУХОН. Ва ё чӣ тавр Рухшона Искандари Мақдуниро ба зону нишонд

Август 29, 2021 09:25

ДУШАНБЕ, 29.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Истаравшани бостонӣ, яке аз шаҳрҳои қадимии Осиёи Марказӣ бо таърихи беш аз 2500-сола, мардуми меҳнатдӯсту ҳунарманд ва ёдгориҳои беназири таърихиаш дар минтақа шуҳрату мақоми намоён касб намудааст. Ин аст, ки шаҳри бостонии Истаравшан дар радифи шаҳрҳои  қадимаи Осиёи Марказӣ, назири Самарқанду Бухоро қарор дошта,  ҳамасола садҳо нафар сайёҳону ҷаҳонгардон барои тамошои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба ин шаҳри бостонӣ меоянд.

Зимни ифтитоҳи хатсайри  нави сайёҳии Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд-Гулистон-Шаҳристон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муяссар гардид, ки дар радифи дигар иштирокдорон аз ёдгории беназири  таърихии шаҳри Истаравшан — Қалъаи Муғ дидан намояд ва дар бораи  ин ёдгории нотакрори таърихӣ гузориш омода намояд, ки онро манзури хонандагони арҷманд менамоем.

Истаравшан- шаҳри қалъа андар қалъа

-Истаравшанро аз рӯзи пайдоиш дар саҳифаи таъриху тамаддуни инсоният шаҳр ё кишвари қалъа андар қалъа меноманд. Қалъаи Муғ, Қалъаи Баланд, Қалъаи Меҳнат, Қалъачаи Гули Зард, Қалъачаи Бакавул, Қалъачаи Араб ва ғайра, ки имрӯз номи бархе аз мавзеъ ва деҳоти Истаравшанро ба худ гирифтаанд,  далели ин гуфтаҳост. Истаравшан  дар асрҳои VI-IV то мелод ба ҳайати  давлати Ҳахоманишиҳо  дохил буд ва  дар ҳудуди он Куруши  Кабир  (558-630) шаҳри ҳамноми худро бунёд кард. Ин шаҳр чун борае мебоист марзи шарқии кишвари Курушро аз ҳуҷуми қабилаҳои саҳронишин ҳифз менамуд. Суғдиҳо шаҳри имрӯзаи Истаравшанро  Курушкада  ва юнониҳо Киропол меномиданд. Дар ҳуҷҷатҳои таърихӣ Кирэсхата низ ном бурда мешавад. Курушкада бо деворҳои баланд, бурҷҳои устувору дарвозаҳои барои аҷнабиён диж қалъаи дастнорас маҳсуб меёфт, мегӯяд нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихии шаҳри Истаравшан Баротбой Ҷумъаев.

Ин қалъа дар болои Муғтеппа бунёд гардида, иншооти бузурги амниятӣ буд. Муғтеппа бо баландии 70-80 метр, масоҳати 6 гектар  бо дарозии 600 метр ба маънои томаш шаҳр-қалъа буда, роҳи вуруд ба шаҳр аз тарафи шарқ, тавассути ҳандақ бо умқи  4 метр ва арзи 6 метр  ҳифозат мешуд.

Истаравшан — ситораи сирус- рахшандатарин ситора 

«Тадқиқоти Муғтеппа бозгӯи он аст, ки таърихи шаҳр ба асрҳои  IV-I пеш аз мелод, I-VIII ва ХVII -ХIХ мелод нисбат дорад. Осорҳои меъмории маъбад аз ҷониби бостоншиносон таҳқиқ шуда, аз он хулоса баровардаанд,  ки дар ин ҷо дар замони  пеш аз ислом маъбади оташи оини зардуштӣ  амал менамуд»-, мегӯяд Баротбой Ҷумъаев. «Теппа –Муғ» маънии «баландии марди рӯҳонии зардуштиёнро дорад. Одатан маъбади зардуштӣ –оташгоҳ  дар болои теппа сохта мешуд ва муғҳо одати тӯлонии худро  дар болои он иҷро менамуданд. Рӯҳонии олии зардуштиёнро  муғнат, муғбод, мубод, коҳин, сармутавалии маъбадро    вағиапат  (идоракунанда, хоҷаи ибодатгоҳ) коҳини қаториро муғ меномиданд. Маъбадҳои оташ то кушта шудани шоҳи Истаравшан-  Афшини Ҳайдар соли 841  амал  мекарданд. Зимни тавзеҳи номи шаҳри Истаравшан Баротбой Ҷумъаев афзуд, ки то давраи ислом бисёр номи шаҳру маҳалҳо  аз номи  ситораҳо гирифта мешуданд. Номи Истаравшан аз номи ситораи «сирус», ки  аз ҳама ситораи равшан ва дурахшон буд, гирифта шудааст. Шаҳр дар замони Куруши Кабир хеле дилкаш ва дорои марғзору чашмасорон буда,  рӯзона ба шаҳр шамоли чӯл ва шабона шамоли кӯҳ мевазид.

Истаравшаниҳо бо Искандари Мақдунӣ сахт  муқовимат намуда буданд

Соли 327-329 овозаи шаҳри Истаравшанро шунида, Искандари Мақдунӣ барои забти  шаҳр, хусусан Қалъаи Муғ ба ин шаҳр лашкар мекашад. Дар аввал Искандари Мақдунӣ  хеле ҷаҳду талош намуд, ҳатто олоти деворшиканаш ҳам кор надод. Баъдан фикр кард, ки агар мардуми шаҳрро ба беобӣ ва гуруснагӣ мувоҷеҳ намояд, пас онро метавон ба осонӣ забт намуд. Муғтеппа дар сарчашмаҳои  юнонии замони истилои Искандари Мақдунӣ дар радифи панҷ шаҳри бо ҷангҳои шадид  гирифтани он ёд мешавад. Дар  ҳамлаи он Искандар ва сарлашкари номиаш Кратер дар паҳнои Муппа захм бардоштанд. Яке аз он панҷ шаҳри Истаравшан, ки ба Искандари Мақдунӣ муқобилияти сахт нишон додааст, Бағкат (Вағкат)  мебошад. Бағкат  шаҳраки начандон бузург дар ҳудуди Қалъаи Муғ  буда, бо деворҳои ҳимоявӣ ва бурҷҳои тирандозӣ муҷаҳҳаз  буд.

Лашкари Искандари Мақдунӣ тавассути шабакаҳои зеризаминӣ  ба шаҳр дохил  шуд. Ғазаби Искандар нисбат ба шаҳри  Бағкат ва муҳофизони Қалъа беандоза зиёд гардида, фармон дод, ки маскани диловарони ғаюрро то бунёдаш вайрон намоянд. Аз 18 ҳазор нафар аҳолии шаҳр 8 ҳазорашро нобуд карда, боқимондаи аҳолиро, ки асосан ҳунармандону косибон буданд, асир гирифт. Мардуми Истаравшан рӯҳафтода нашуда,  вайронаҳоро обод мекарданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аҳолии ин сарзамини  ориёӣ дорои фарҳангу ҳунари  воло, донишу истеъдод ва соҳиби хиради азалӣ буданд.

Чӣ тавр Рухшона Искандари  Мақдуниро бо ҷамолаш ба зону нишонд?

Дар Осорхонаи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ» расми тасвирии шоҳдухтари суғдӣ Рухшона,  ки бо Искандари Мақдунӣ издивоҷ намуда буд ва юнониҳо Роксанааш мегуфтанд, ҷой дода шудааст. Рухшона ягона занест, ки Искандари Мақдуниро ба зону шинонидааст. Сабаб дар он аст, ки Рухшона боре ҳам ба рӯйи Искандари Мақдунӣ табассум намекард. «Чаро ҳама ба сӯи ман табассум менамоянд, аммо ту не», мегӯяд Искандари  Мақдунӣ. Дар ҷавоб Рухшона бо хитоб ба Искандар мегӯяд, ки  «ту тамоми мардуми шаҳрро, ҳунармандонро асир гирифта, занҷирбанд кардаӣ, боз ман ба рӯи ту табассум намоям». Искандар маҷбур мешавад, ки тамоми асиронро раҳо намояд. Рухшона то ҳадде  зебо ва дилкашу ҷазоб будааст, ки то имрӯз ягон мусаввир симои аслиашро тасвир накардааст. Рухшона  ориётабор ва хеле зани зебочеҳра буда, беҳтарин хислатҳои инсондӯстӣ ва раъиятпарварӣ доштааст ва барои халқаш ҷони худро нисор мекардааст. Вақте ки Искандар бо як нигоҳ ба Рухшона дил мебандад, ӯ 13 сол дошт. Азбаски зардуштиён дар синни 15 издивоҷ мекарданд, Искандари Мақдунӣ  ду сол интизор шуда, баъдан бо Рухшона идивоҷ менамояд.

Бозёфтҳои Муғтеппа — бозгӯи таъриху тамаддуни тоҷикон

Теппаи Муғ таърихи қадимӣ дорад. Бостоншиносон зимни ҳафриёт дар Муғтеппа  маснуоти зиёди   сафолин, мӯҳри амудӣ бо дастаи  биринҷӣ  ва тасвири шери қанотдори уқобсар дарёфт  намуданд. Инчунин бурҷе кашф гардид, ки мудаввар буда, дорои қутри берунии 5,6  метр ва қутри  дохилии 3,6 метр мебошад. Ҷомҳо, хумҳо, кӯзаҳо,  ки аз  Қалъаи Муғ пайдо карда  шудаанд,  марбути асрҳои 1,2, 6, 18 мебошанд. Бештари бозёфтҳо, аз ҷумла, бурҷе, ки  қутри берунаш 5, 6 ва қутри дохилаш  3, 6 метр   ва муҳре, ки дар он шерҳо тасвир ёфтаанд, дар Осорхонаи Санкт-Петербург ва дигар ҷойҳо нигоҳ дошта шудаанд. Дар охири соли 2017 вақте лоиҳаи азнавбарқароркунии Қалъаи Муғ ба миён омад,  дар ин ҷо академик Ёқубшоҳ Юсуфов табар пайдо намуд, ки таърихи шаҳрро ба ҳафт ҳазор сол пеш тахмин мезанад.

Бунёди Қасри тиллокорӣ — нишонае аз Рустамбек Шаҳрёри Истаравшанӣ

Ба андешаи Баротбой Ҷумъаев, дижи баланди Муғ давоми асрҳо ба ҳамлаи турку арабу муғулҳо, кучманиён, Аморати Бухорову хонигарии Қӯқанд истодагарӣ мекард ва  муҳофизони канори он  то ҷон дар бадан доштанд, муборизаи озодихоҳона мебурданд.  Дар асрҳои ХVII- ХVIII дар болои Муғтеппа Қалъаи мири Ӯро-теппа пайдо мешавад  ва шаҳр номи Ӯротеппаро мегирад. Нимаи дуюми асри ХVIII ва аввали асри  ХIХ дар давраи ҳокими шуҷоъ ва бебок Рустамбек Муғтеппа  рӯ ба ободӣ овард. Аз ин рӯ, давраи тиллоии барқароршавии Истаравшанро ба давраи Рустамбек Шаҳрёри Истаравшанӣ марбут медонанд.  Бино ба гуфтаи сарчашмаҳо,  аз тарафи шаҳриёр Рустамбек  солҳои 1858- 1875 «Қасри тиллокорӣ», ки бо номи «Саломхона» ҳам ёд мешавад, сохта шуд. Вақте ки Рустамбек аз ҷониби Насруллохон кушта мешавад,  Насруллохон пушаймон гашта, мегӯяд, ки «агар ман медонистам, ки  Рустамбек ободкор аст, ӯро намекуштам». Яке аз кохҳои бошукӯҳ -Арки Рустамбек  дар болои Муғ қомат афрохта, ба он тавассути зинаҳо  аз тарафи ҷануб мебаромаданд. Даромадгоҳи Арк, ки дарвозахона номида мешуд, аз тахтапул оғоз меёфт. Майдони Арк аз чаҳор сӯ бо чанд қабат деворҳои ғафс иҳота гардида, яке аз деворҳо ба соҳили Зарринрӯд фаромада, аз соҳили чап   ба сӯи Тал тӯл кашида буд. Деворҳои Арк аз чаҳор сӯ манораҳои баланд доштанд. Ҳамчунин пештар дар дохили Арк  зарбхона амал мекард. Дар беруни Арк коргоҳи борутсозӣ сохта шуда буд, ки он ҷо хелҳои тӯпҳои ҷангӣ рехта мешуданд. Дар қурғон оҳангарону устоҳо туфангу  милтиқу аслиҳа,  шофу шамшер месохтанд. Арк тахти ҳокимони Истравшан буд ва дар дохилаш тӯпҳо дошт,  шабу рӯз   посбонҳо  бо яроқу аслиҳа  мусаллаҳ  гардида, дидбонӣ мекарданд. Деворҳои қаср  тиркашакҳо   доштанд, яроқҳои вазнин дар  нимманораҳои барҷастаи  девор насб мегардиданд. Мутаассифона, дар натиҷаи ҷангҳои феодалӣ ва тохтутози кӯчманчиёну аҷнабиён Қалъаи Муғ вайрону валангор  гардид. Хиштҳои мустаҳками қалъаро  барои ҳабсхона истифода намуданд.

Бозсозии Арки Муғтеппа дар солҳои Истиқлоли давлатӣ

Муғтеппа, ки дар тӯли садсолаҳо рӯзҳои мудҳишро аз сар гузаронида буд, бо баландии худ чун дарахти сарв саҳифаҳои гузаштаи таърихи халқи тоҷикро таҷассум менамояд. Арк дар остонаи 2500–солагии шаҳри Истаравшан, ки соли 2002 таҷлил шуд,  бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид. Ҳар пора хишту похсадевори осори куҳани Истаравшани бостонӣ аз афтидану хестанҳо, сӯхтану сохтанҳо, шикастану пайвастанҳо ва завол ёфтану эҳё шуданҳо, яъне аз тамаддуни давлатдории куҳанбунёд ва раванди бунёкории миллати сарбаланди тоҷик қисса мекунад.

Соли 2000  дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  номи шаҳри Ӯротеппа ба номи қадимаи он- Истаравшан табдил гардид. Имрӯз Истаравшан дар минтақаи Осиёи Марказӣ на танҳо ҳамчун шаҳри қадима, балки чун шаҳри ҳунармандони асил маъруф аст.   

                                        Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»     

                                       Душанбе-Истаравшан-Душанбе

 АКСҲО аз АМИТ «Ховар»  

Август 29, 2021 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд
Доир ба иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд