Шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳояшонро ба таври электронӣ пешниҳод мекунанд, 5,2 ҳазор адад зиёд шудааст

Август 1, 2021 12:41

ДУШАНБЕ, 01.08.2021 /АМИТ«Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 шумораи андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд, 5,2 ҳазор адад зиёд шуда, дар айни замон зиёда аз 144,5 ҳазор субъектҳои хоҷагидор эъломияҳои худро тариқи электронӣ пешниҳод намуда истодаанд. Барои ба ин тартиб гузаронидани андозсупорандагони боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Дар ин бора 30 июл  зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ибрози назар намуд. 

Бо мақсади бештар ва беҳтар намудани хизматрасониҳои электронӣ аз ҷониби Кумитаи андоз портали хизматрасониҳои электронӣ васеъ карда шуда, дар айни замон барои андозсупорандагон 63 адад модулҳои хизматрасонӣ ба роҳ монда шудаанд, ки нисбат ба аввали соли равон 7 адад зиёд аст. Истифодаи онҳо барои сода ва осон намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор мусоидат менамояд.

Нусратулло Давлатзода  иброз дошт, ки  дар натиҷаи тадбирҳои зиёди аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда маблағи бақияпулиҳои андозӣ давра ба давра коҳиш ёфта истодааст. Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 июли соли 2021 дар маҷмӯъ 783,6 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 1 январи соли 2021 ба андозаи 100,5 млн. сомонӣ кам мебошад.

Ҷиҳати пешгирии зиёдшавӣ ва тибқи тартиби муқарраршудаи маҷбуран рўёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо, дар ин давра аз ҷониби мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор 6550 адад қарорҳо оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 619 млн. сомонӣ қабул карда шуда, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои  соли 2020 қабулгардида дар маҷмӯъ ба буҷет 550 млн. сомонӣ ворид карда шуд. Ин нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта воридшуда 139,3 млн. сомонӣ зиёд буда, дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2021 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд