Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғл ба мувофиқа расиданд

Август 12, 2021 10:51

ДУШАНБЕ, 12.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тошканд Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо Вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон Нозим Хусанов мулоқот кард. Ҷонибҳо оид ба нақшаҳои минбаъда дар соҳаи меҳнат ва шуғл барои солҳои 2021-2023 мубодилаи афкор намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоти онҳо байни вазоратҳои марбутаи ду кишвар ду созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Ҳамин тариқ, оид ба Нақшаи татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон тавофуқ ҳосил шуд.

Санади дигар оид ба тафоҳум байни Институти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти бозори меҳнати Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Узбекистон мебошад.

Татбиқи ин мувофиқаҳо ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи меҳнат ва шуғли ҷумҳуриҳои ҳамсоя мусоидат мекунад. Созишномаҳо имкон медиҳанд, ки робитаҳо дар соҳаи тадқиқоти бозори меҳнат, омодасозии кадрҳо ва мутахассисони серталаб рушд дода шаванд.

Ёдовар мешавем, ки Ширин Амонзода аз 9 то 11 август бо сафари корӣ дар Узбекистон қарор дошт. Зимни сафар ӯ аз Муассисаи давлатии «Маркази идоракунии лоиҳаҳо»-и Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Узбекистон дидан кард ва бо директори ин муассиса Екатерина Горбунова мулоқот намуд. Тазаккур дода шуд, ки айни замон Марказ тақрибан 30 лоиҳаро оид ба рақамикунонии бозори меҳнат, такмили омор, омӯзиш ва таъмини  аҳолӣ бо ҷойи кор ба маблағи зиёда аз 200 миллион доллари ИМА татбиқ менамояд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз шаҳри Самарқанд низ боздид намуда, бо фаъолияти Маркази таълими касбии «KOICA» шинос шуд. Ӯ аз утоқҳои лаборатория ва фанҳои гуманитарӣ дидан карда, бо хонандагони ҷавон суҳбат анҷом дод.

Мавриди зикр аст, ки маркази таълимии Самарқанд 5 сол пеш таъсис ёфтааст ва ҳар сол ба он садҳо нафар ҷавонон ҷалб карда мешаванд ва аз рӯи касбҳое, ки дар бозори меҳнат талабот доранд, таълим мегиранд. Марказ ба тайёр кардани мутахассисони хизматрасонии техникӣ ба мошинҳо, корҳои кафшергарӣ ва харротӣ, кормандони соҳаи барқ, электроника ва  технологияҳои иттилоотӣ ихтисос ёфтааст.

Ба Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шароит ва имкониятҳои мавҷудаи маркази таълими касбии «KOICA» маълумот дода шуд.

Ширин Амонзода ҳамчунин бо Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов мулоқот намуд. Вазир дар бораи дурнамои шарикӣ сухан ронда, зикр кард, ки халқҳои ду кишвар, ки бо ду забон ҳарф мезананд, манфиатҳои муштарак доранд. Ширин Амонзода зимни мулоқот пешниҳод кард, ки барои омӯзгорони ду кишвар курсҳои даҳрӯза оид ба такмили ихтисос ва табодули таҷриба  боз карда  шаванд.

Пас аз қабули расмӣ, Ширин Амонзода аз Моно-маркази хизматрасонӣ ба аҳолии бешуғл «Ишга марҳамат!»-и шаҳри Самарқанд дидан кард. Айни ҳол дар ин марказ кафшергарон, мутахассисони техникаи санитарӣ, ронандагон, электрикҳо, коргарони хидматрасонии мошинҳо, сартарошон, қаннодон ва ғайра тайёр карда мешаванд. Дар маҷмӯъ, марказ тақрибан 250 нафарро таълим медиҳад.

 

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Август 12, 2021 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд