1 сентябр Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ таҷлил мегардад

Сентябрь 1, 2021 14:04

ДУШАНБЕ, 01.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар ҷумҳурӣ Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ таҷлил мегардад.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 73-сола мешавад.  15 апрели соли 1926 Анҷумани I иттифоқҳои касабаи РАСС Тоҷикистон баргузор гардид, ки бо қарори он мақоми роҳбарикунандаи иттифоқҳои касаба-Тоҷиксовпроф таъсис дода шуд.

Соли 1948 Тоҷиксовпроф (ҳозира Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ) аз нав таъсис дода шуд.

Дар робита ба ин сана раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба хабарнигори АМИТ “Ховар” ибрози назар карда, гуфт, ки ҷашни ҳамешагии иттифоқҳои касаба барои сулҳ дар оғози ҳазорсолаи нав хеле тағйир ёфта, марому  мазмуни нав касб намудааст. Тараққиёти босуръати меҳнатӣ, пешрафт дар  истеҳсолот, олами нави системаи нанотехникӣ ва ғайра ба рӯи инсони муосир роҳҳои васеъро кушодаанд, ки ин бечунучаро пешравии бемайлони иқтисодиёти бисёре аз мамлакатҳоро боло бурдааст.

“Мо хуб медонем, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба ва обрӯю эътибори онҳо дар байни аҳли меҳнат аз зиндагии бомаром, фазои сулҳу дӯстӣ, ҷои кори ҳамешагӣ, музди меҳнати арзанда ва шароити зисти шоиста, якдилию якпорчагӣ ва созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат муайян мегардад”,-иброз намуд мавсуф.

Аз ин лиҳоз, иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон  дар асоси ғояҳои тараққипарвар ва инсонпарварона, ки мақсаду маромашон ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва меҳнатии шаҳрвандон, сатҳи баланди зиндагӣ, дастгирии истеҳсолкунандагон, интизоми хуби меҳнат, пешрафти истеҳсолот, таъмини коллективҳои меҳнатӣ дар ҳалли масалаҳои ҳаётӣ мебошад, фаъолият дорад.

Ба зикри мавсуф, Тоҷикистон дар остонаи ҷашни бузург, яъне 30- солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад. Дар даврони  соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон рушд ёфта, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ҳамасола афзоиш меёбанд, дар таърихи навини кишвар иншооти гуногуни азими саноатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шуданд. Тоҷикистон дар дохили кишвар роҳҳои ҳозиразамони ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ сохта, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад, истеҳсолоти маводи ғизоӣ ба роҳ монда шуд, ки тавассути он амнияти озуқаворӣ таъмин карда мешавад. Сохтмони неругоҳҳои энергетикӣ иқтидори энергетикии кишварро зиёд гардонида, амнияти энергетикии кишвар низ таъмин гардид.

Ҳоло ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне саноатикунонии иқтисодиёти мамлакат босуръат иҷро шуда истодааст. Ҳамаи ин музаффарият аз сулҳу ваҳдат ва ҳаёти осоиштаи тоҷикон сарчашма мегирад.

Умед аст, ки сулҳу салоҳ, ваҳдату ягонагӣ, ҳамраъйӣ, ҳамкории созмонҳо, ҷамъиятҳо, ҳизбҳо ва пеш аз ҳама, меҳнати бунёдкоронаи хурду бузурги ҷомеа мамлакати моро  ба қуллаҳои баландтарини музаффарияти меҳнатӣ меоварад.

Аз ин лиҳоз, иттифоқҳои касаба даъват ба амал меоранд, ки дастуру ҳидоятҳои  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа, тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми анъана, расму оин ва ҳувияти миллӣ, ҳимояи арзишҳои ваҳдати миллӣ ба роҳбарӣ ва иҷро гирифта  шаванд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ташкилоти  иттифоқҳои касабаи  ибтидоӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявиро ҳамчун шарики асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват  менамояд, ки барои тарғиби ҳаёти осоишта ва пойдории сулҳу ваҳдат дар ҷомеа саҳм гузоранд.

                                                                    АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2021 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш