Беш аз 60% гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои узви СҲШ рост меояд

Сентябрь 17, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз самтҳои афзалиятноки Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳамкории тиҷоратию иқтисодии кишварҳои узв мебошад. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити кунунии ҷаҳонӣ тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар фазои СҲШ ниҳоят зарур мебошад.

Корманди Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон Ҳабибҷон Мирзоев гуфт, “агарчи созмони мазкур бо ҳадафи ҳалли масъалаҳои сарҳади байни собиқ давлатҳои Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар фармати “Панҷгонаи Шанхай” ташкил ёфт, вале бо мурури замон нуфузу эътибори он боло рафта, ба созмони гуногунҳадаф, яъне созмоне, ки дар он тамоми самтҳо мавриди корбарӣ қарор мегиранд, табдил ёфтааст. Аз ҷумла, иқтисод, молия, бонкдорӣ, сармоягузорӣ аз самтҳои афзалиятноки Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд, ки кишварҳои узвро ба ҳам мепайванданд. Чумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз давлатҳое мебошад, ки аз нигоҳи иқтисодӣ дар минтақа рушдкарда ба ҳисоб мераванд ва ҳамкорӣ бо ин кишварҳо барои ҷумҳурии мо хеле муфид мебошад.

Мариди ёдоварист, ки айни замон Созмони ҳамкории Шанхай аз ҳашт давлати аъзо- Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва  чаҳор давлати нозир ва шаш давлати шарикони мусоҳибавӣ иборат мебошад.

Ба андешаи сардори раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшод Шарифӣ, беш аз 60 фисади гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои узви  Созмони ҳамкории Шанхай рост меояд ва шарикони тиҷоратию стратегии ҷумҳурии мо кишварҳои узви созмон, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мебошанд.

Тибқи иттилои Дилшод Шарифӣ, гардиши садои хориҷӣ бо кишварҳои узви созмон дар ҳоли рушд аст. Аз ҷумла, соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русия тақрибан 1 млрд. доллар, бо Ҷумҳурии Қазоқистон 909 млн. доллар, бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 472 млн долларро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда дар 7 моҳи соли 2021 рӯ ба беҳбудӣ оварда, аз ҷумла бо Федератсияи Русия 640 млн. доллар, бо Қазоқистон қариб 644 млн. доллар, бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 452,2 млн. доллар ва бо Ҷумҳурии Узбекистон 243,1 млн долларро ташкил намудааст, ки тамоми нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 афзоиш ёфтааст.

Ҳамсуҳбати дигари мо — иқтисодшинос, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фирӯз Қодиров иброз дошт, ки “масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 34,3 млн км мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 млрд нафар ё 48% аҳолии умумии кураи Заминро ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо аъзои ин созмони ҷавон хеле муҳиму самарабахш арзёбӣ мешавад”.

-Кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ, саноат, махсусан дар истихроҷи саноати кӯҳӣ, ки яке аз бахшҳои пуриқтидори саноати миллӣ ба ҳисоб меравад, фаъолона иштирок доранд. Умед аст, ки минбаъд низ дар доираи созмони мазкур равобити тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон рушд хоҳад ёфт.  Иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи сиёсати воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда зиёд шуда истодааст. Дар ин росто Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон аз зумраи бозорҳои бузурге мебошанд, ки мо метавонем молу маҳсулоти хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистонро содирот намоем, — афзуд  Фирӯз Қодиров.

Қоршинос ҳамчунин илова кард, ки муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои шомили созмон ва ҳам бо кишварҳое, ки ба сифати нозир баромад мекунанд, метавонанд гуногунсамт бошанд.  Тоҷикистон на танҳо дар самти молу маҳсулот, содироти неруи барқ ва  содироти кувваи корӣ. балки дар самти ҳамкории илмӣ, техникаю технология, дар соҳаи рақамикунонии низоми иқтисодӣ низ метавонад ҳамкории бисёр густурда ва самаранок  дошта бошад.

Ба андешаи Фирӯз Қодиров, бо таъсис додани Агентии содирот ва рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки аз лиҳози содироти баъзе маҳсулот мақоми муҳимро ишғол мекунад. Масалан тавассути татбиқи сиёсати саноатикунонӣ Тоҷикистон дар солҳои охир яке аз содиркунандагони асосии  семент дар минтақа ба ҳисоб меравад, зеро ҳам ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон миллионҳо тонна семент содирт карда мешавад. Дар баробари ин вобаста ба рушди боғу токзор Тоҷикистон ба яке аз содиркунандагони маҳсулоти мева ва сабзавот тадбил ёфтааст, ки қисмати зиёди содирот ба кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рост меояд.

Ба андешаи сардори раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшод Шарифӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ, ки дар натиҷаи паҳншавии бемории коронавирус ба миён омада, кишварҳоро ба мушкилоти азим рӯ ба рӯ кард, бори дигар собит намуд, ки давлатҳо дар танҳоӣ наметавонанд мушкилиҳоро пушти сар намоянд. Дар ҳамин робита ӯ мегӯяд, бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи амали зиддибуҳронӣ вобаста ба барқарор намудани иқтисодиёт пас аз пандемияи коронавирус таҳия шудааст, ки тамоми кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба як майдон даъват мекунад, то дастҷамъона мушкилиҳоеро, ки ин пандемия ба вуҷуд овардааст, ҳал намоянд. Яъне ин нақшаи амал мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёти кишварҳои аъзоро дар пай дорад.

Ёдовар мешавем, ки  моҳи июл дар Тоҷикистон Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай дар сатҳи вазирони иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар форуми мазкур роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ,  аз ҷумла табодули таҷриба дар самти навгониҳо дар бахшҳои иқтисоди кишварҳои увзи СҲШ изҳори андеша карда шуд.

 Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ “Ховар”

 

Сентябрь 17, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода аз 4504 кг ангури хушккардашуда 1126 кг мавизи хушсифат истеҳсол намуданд
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад
Дар шаҳри Исломобод Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон баргузор гардид
Дар Рӯзи кормандони соҳаи энергетика фаъолони соҳа қадрдонӣ шуданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Неругоҳи барқи обии «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа аст
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд