Дар Бохтар бо иштироки беш аз 55 нафар ҳунармандон аз Қазоқистон барномаи фарҳангӣ доир гардид

Сентябрь 20, 2021 09:28

ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  18 сентябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 55 нафар ҳунармандон ва раққосон аз  ду ансамбли давлатии рақсӣ — «Салтанат» ва ансамбли фолклории «Остона-сази»-и Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи фарҳангӣ доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Барномаи фарҳангӣ дар доираи баргузории иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Тоҷикистон доир гардид.

Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ намоиши ҳунарҳои мардумии тоҷикон ва қазоқҳо пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.

Муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода зикр намуд, ки баргузории чунин барномаҳои фарҳангӣ барои рушди муносибати дӯстонаи ҳарду миллат заминаи мусоид фароҳам меорад, то онҳо бо расму оин ва фарҳанги якдигар аз наздик шинос шаванд.

Сипас ҳунармандони Қазоқистон бо суруду таронаҳои ҷолибу пурмуҳтаво хотири аҳли толорро шод гардониданд. Ширкаткунандагони барномаи фарҳангӣ аз ҳунару маҳорати сарояндагони маҳбуби давлати дӯст, мутрибону навозандагон, гурӯҳҳои рақсӣ ва сурудҳои этнографӣ-фолклорӣ баҳраманд гардиданд.

Сокинони шаҳри Бохтар ҳар суруду рақсро бо хушҳолӣ истиқбол намуданд.

АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар

Сентябрь 20, 2021 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид