ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон» дар Левакант гармхона ва дар Душанбеву Бохтар ва Спитамен маркази тақcимоти яклухт месозад

Сентябрь 29, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди маркази тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон» сохтмони гармхонаи инноватсиониро  барои истеҳсоли  сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкили се маркази тақсимоти яклухтро  дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен бо сармоягузории умумии 20,0 миллион доллари амрикоӣ (228,0 млн. сомонӣ) ба нақша гирифтааст, хабар доданд аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар».

Дар иртибот ба ин дар Душанбе миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ-и тақсимоти яклухти «Витаминҳои Тоҷикистон» оид ба  сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, дар марҳилаи якум сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Левакант ба маблағи 2,6 миллион доллари амрикоӣ (29,6 млн. сомонӣ) сармояи хориҷӣ амалӣ хоҳад шуд.

Татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа ташкили се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитаменро пешбинӣ менамояд, ки маблағгузории он 17,4 миллион доллари амрикоӣ (198,3 млн. сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Бо татбиқи пурраи лоиҳаҳо 90 дарсад ҷойҳои нави кории муҳайёшаванда барои шаҳрвандони маҳаллӣ пешбинӣ карда мешаванд.

Татбиқи ин лоиҳаҳо ба амалишавии ҳадафи чоруми миллии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноатикунонии кишвар мусоидат менамояд.

 Акс: Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Сентябрь 29, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид