Душанбе мизбони ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай гардидааст
ДУШАНБЕ, 16.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи бонкӣ бо иштироки намояндагони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ, ки имрӯз дар Душанбе доир шуд, баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин ҷаласа.
Дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Котиби генералии СҲШ Владимир Норов, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Хоким Холиқзода, Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ сухан намуда, нақши Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ –ро дар таҳкими ҳамкории байнибонкӣ муассир арзёбӣ намуданд.
Инчунин дар ҷаласа котиботи генералии СҲШ, роҳбарони ширкатҳои молиявию инфрасохтории Ҳиндустон, Бонки давлатии рушди Чин ва Ҳабиб Бонк Лимитеди Покистон, Корпоратсияи давлатии рушд «ВЭБ Русия,
Бонки рушди Қазоқистон, «РСК Банк»-и Қирғизистон ва ҶС «Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Узбекистон» қисман дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва маъруза намуданд.
Соли 2021 дар баробари роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамчун бонки аъзо дар Иттиҳоди байнибонкӣ раисӣ менамояд.
Дар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии давлатҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, тақвияти ҳамкорӣ бо институтҳои молиявие, ки дар минтақаи кишварҳои аъзои СҲШ ва Осиё фаъолият менамоянд, Стратегияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди байнибонкии /ИББ/ СҲШ барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 – 2026, ҳамкории сармоягузории бонкҳои аъзои ИББ СҲШ, ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисон баррасӣ гардида, пешниҳодҳои судманд ироа шуданд.
Инчунин иштирокдорони ҷаласа тариқи овоздиҳӣ бонки раисикунандаро дар ИББ СҲШ барои солҳои 2021-2022 интихоб намуданд. Ҳамзамон бо дастгирии тамоми бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи раисии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Стратегияи рушди минбаъдаи ИББ СҲШ барои давраи миёнамуҳлати солҳои 2022 – 2026 аз ҷониби роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳод ба имзо расида, барои чор соли минбаъда қабул гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз БДА «Амонатбонк» ва БМТ









ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






