Коршиносони байналмилалии ИКОМОС ва ИБТОМ ҷиҳати таҳқиқ ва баррасии ёдгориҳои Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО ба Тоҷикистон омаданд

Сентябрь 29, 2021 10:37

ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати коршиносон аз институтҳои тадқиқотии байналмилалии Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои тамошобоб (ИКОМОС) ва Институти байналмилалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ (ИБТОМ), ки мутааллиқ ба ЮНЕСКО мебошанд, бо роҳбарии Наталя Турекулова барои омӯзиш, таҳқиқ ва баррасии ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қароқум», ки ба силсилаҷоизаҳои Шоҳроҳи бузурги Абрешим мансуб мебошад, дар Тоҷикистон қарор доранд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО Мирзошариф Абдусаломов.

Ёдгориҳои долони «Зарафшон-Қароқум», ки расман ба Феҳристи  пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд, аз Тоҷикистон нуҳ адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ- «Қалъаи Муғ», «Қум», «Гардани Ҳисор», «Шаҳраки Ҳисорак», «Панҷакенти Қадима»,  «Шаҳраки Санҷаршоҳ», низоми обёрикунии «Токсанкорез», Мақбараи «Хоҷа Муҳаммади Башоро» ва «Тали Хамтуда»-ро дар бар мегиранд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, ба рӯйхати ёдгориҳои долони «Зарафшон-Қароқум» се давлат- Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон ёдгориҳои худро пешниҳод намудаанд. Ба ёдгории долони Зарафшон нуҳ обекти Тоҷикистон ва ба Қароқум мавзеъҳои Ҷумҳурии Узбекистон шомил гардидаанд. Баъд аз омӯзиш ва таҳқиқоти ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ёдгориҳои Узбекистон дидан менамояд.

Ёдгориҳои долони «Зарафшон-Қароқум» моҳи марти соли равон ба рӯйхати пешакии мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ворид гардида буданд. Ин омӯзиш ва таҳқиқот барои ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги ҷаҳонӣ шомил гардидани ин ёдгориҳо равона шудааст.

Бо коршиносони хориҷӣ гурӯҳи мутахассисони ватанӣ бо роҳбарии ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО Мирзошариф Абдусаломов ҳамроҳӣ мекунад.  Инчунин ба ҳайати мазкур муаллифони парвандаҳои номинаи ин долон — ходими илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Галина Каримова, доктори илмҳои таърих, археологи Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент Шароф Қурбонов ва дигарон  шомиланд. Корҳои таҳқиқотӣ аллакай аз ноҳияи Масчоҳ  шуруъ гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки 16 августи соли равон   дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҷаласаи навбатии Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид. Дар он гуфта шуд, ки моҳи январи соли 2021 номинаи «Роҳи Абешим: долони Зарафшон-Қароқум» дар ҳамкорӣ бо Институти байналмилалии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (ИБТОМ) ва коршиносони миллӣ таҳия гардида, ба Рӯйхати муқаддамотии (Tentative Iist) ЮНЕСКО ворид карда шуд. Парвандаи номинаи мазкур аз нигоҳи техникӣ комил буда, ба Маркази мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ҷиҳати сабти он дар Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ пешниҳод гардидааст.

Ҳадаф аз боздиди коршиносони байналмилалӣ аз Тоҷикистон  омӯзиш ва арзёбии 9 мавзеи таърихию фарҳангии ҷумҳурӣ ҷиҳати ворид намудани онҳо ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамчун қисми силсилаҷоизаи номинаи минтақавии «Роҳи абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» мебошад.

Гирифтани хулосаи ҳайати арзёбии ИКОМОС яке аз талаботи калидии ворид намудани ин ё он мавзеъ ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО буда, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо маркази мазкур ба манфиати давлат аст.

                                                             Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2021 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид