Мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея мубодилаи маълумоти электрониро ба роҳ мемонанд

Сентябрь 17, 2021 10:36

ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея тасмим гирифтаанд, ки ҳамкориро дар самти  мубодилаи маълумоти электронӣ тавассути баимзорасонии созишнома ба роҳ монанд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории гумрукӣ миёни  мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Корея дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Комиссари Хадамоти гумруки  Корея  Лим Ҷэй Ҳён дар Душанбе баррасӣ шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Мусоҳибон ба сатҳи ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Корея баҳои баланд дода, ҳавасмандии худро дар самти мукаммалгардонии Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо назардошти ба истифода додани системаи идоракунии таваккал ҳамчун асоси густариши ҳамкории дуҷониба баён доштанд.

Роҳбарони ҳайатҳои гумрукии Тоҷикистон ва Корея дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкории судманд вохӯриро ба анҷом расонида, ба мувофиқа расиданд, ки Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея мизбони вохӯрии 3-юми роҳбарони Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Корея хоҳад гардид. Сана ва рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ тавассути машваратҳои минбаъда миёни ҳарду мақомот ҳамоҳанг карда мешавад.

Ҳайати мақомоти гумруки Корея таҳти роҳбарии Комиссари Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея Лим Ҷэй Ҳён зимни сафар ба Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «низоми  идораи таваккал» ва ҳамоиши ҳамкории гумрукии Тоҷикистон ва Корея иштирок намуда, аз дидбонгоҳи гумрукии «Терминал»-и Душанбе  боздид намуда, бо ҷараёни кори низоми идораи таваккал  дар «Терминал»-и Душанбе аз наздик  шинос гардид. Инчунин  ҳайати   гумрукчиёни Корея ба шаҳри Ҳисор рафта, аз ёдгории таърихии Қалъаи Ҳисор ва мавзеи истироҳатии «Шаршара»-и шаҳри Ҳисор боздид намуд.

                                                Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

  Акс аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ

Сентябрь 17, 2021 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад