«Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ дар ганҷинаи тамаддуни олам мавқеи сазовор дорад

Сентябрь 30, 2021 16:50

ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар толори «Арғунун»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд, хабар доданд аз ин донишкада ба АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи  ҳамоиш ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ  иброз дошт, ки «беш аз ҳаштсад сол аст   Мавлоно мардумро шефтаи рафтору гуфтор ва осори безаволи хеш менамояд. Дар баробари муҳаққиқини ҳамзабон иддае аз донишмандони хориҷӣ умри хешро сарфи омӯзишу таҳқиқ ва нашри осори Мавлоно кардаанд, ки имрӯз ба шарофати ин иқдоми накӯ номи эшон дар радифи бузургтарин олимони ҷаҳон муаррифӣ мешавад».

Муҳриддин Низомӣ дар бораи камолоти маънавии Мавлоно бо такя ба сарчашмаҳои муътамад сухан гуфта, нақши Ҳаким Саноӣ ва Шайх Аттори Нишопуриро дар ҳаёти маънавии ин орифи бузург дар паҳнои ирфону адаби форсизабон муҳим арзёбӣ намуд. Зикр кард, ки дар камолоти маънавии Мавлоно ҳамзамон шахсиятҳои бузурги адабию ирфонии гузаштаю муосири ӯ нақши муассире доранд, ки ҳам худи Мавлоно ва ҳам муаллифони сарчашмаҳои адабию ирфонӣ ин нуктаро таъкид кардаанд.

Ба зикри мудири кафедраи филология Зулайхо Изатова, осори гаронбаҳои Мавлоно, бахусус «Маснавии маънавӣ»-и ӯ дар ганҷинаи тамаддуни олам ҷойгоҳи сазовор дорад, зеро, ба гуфтаи ӯ,- дар он масъалаҳои мубраму ҳассоси ҳаёту маънавиёти ҷомеа, асрори ҳастии оламу одам ба қалам дода шудаанд. Илова бар ин мавзӯъҳо дар осори Ҷалолиддини Балхӣ роҳу василаҳои ташаккули инсон ва таълиму тарбияи ӯ ба қалам омадаанд. Яке аз чунин василаҳо тарғиби ахлоқи наку ва накуҳиши хулқи бад аст.

— Мавлоно дар боби ахлоқ ва тарбият, нуктаҳои бадеъ ва санҷида дорад. Дар замоне ки раванди ҷаҳонӣ шудан босуръат идома дорад ва ҳуҷуми фарҳангҳои мухталиф боиси касодии ахлоқи ҷомеа мегардад, умед аст, ки пандҳои ҳакимонаву орифонаи Мавлоно чун сипар ахлоқи ҳамидаи инсониро ҳифз менамоянд ва дар ҷомеа пояҳои одамиятро устувор месозанд, — иброз дошт   Зулайхо Изатова.

АКС аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

Сентябрь 30, 2021 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд