Миёни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Русия барномаи ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид

Сентябрь 29, 2021 12:01

ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ  /«Ховар»/. 27 сентябр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ вохӯрии ниҳоии ҳайати Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии молиявии Вазорати молияи Федератсияи Русия бо кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ ва муҳокимаи тадбирҳои минбаъда баргузор шуд, хабар доданд аз Вазорати молия ба АМИТ «Ховар».

Вохӯрӣ дар доираи Барномаи ҳамкории дуҷониба байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Русия доир гардида, дар он аз ҷараёни баргузории вохӯриҳои машваратӣ аз рӯи ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ, яъне такмили банақшагирӣ ва буҷетикунонии хароҷоти давлатӣ дар қисмати муносибатҳои байнибуҷетӣ, такмили қоидаҳои фискалӣ барои баланд бардоштани устувории буҷетӣ  ва қарзӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти маълумоти буҷетӣ, таҳияи низоми пешгӯии даромади буҷет, такмили воситаҳои андоз барои ҳавасмандгардонии саноатикунонии босуръати иқтисод ва таҳкими потенсиали фискалӣ, таҳияи модели мувозинати умумӣ ҳамчун воситаи пешгӯӣ ва таҳлили рушди иқтисоди миллӣ, такмили механизми идоракунии қарзи давлатӣ ва танзими бозори коғазҳои қиматнок натиҷагирӣ карда шуд.

Дар ҳошияи ташриф бо мақсади татбиқи самаранок ва саривақтии Барномаи ҳамкорӣ вохӯриҳо бо намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Иштирокдорони вохӯрӣ ба самаранокии кори анҷомдодашуда баҳои баланд дода, омодагии худро барои боз ҳам зичтар ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда ва фаъоли мутахассисони ҳарду ҷониб дар доираи Барномаи ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд, ки он бевосита барои татбиқи самараноки самтҳои алоҳидаи ислоҳоти Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат мекунад.

Аксҳо аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Сентябрь 29, 2021 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд