«Нақши ВАО дар давраи пандемияи COVID-19». Таҳти ин унвон дар Суғд семинари омӯзишӣ доир гардид

Сентябрь 25, 2021 11:50

ДУШАНБЕ, 25.09.21 /АМИТ Ховар/. Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони «Нақши воситаҳои  ахбори омма дар давраи пандемияи COVID-19» семинари серӯзаи омӯзишӣ барои рӯзноманигорони расонаҳои электронӣ ва чопӣ, ҳамзамон  кормандони хадамотҳои матбуотии муассисаҳои тандурустӣ баргузор гардид, хабар доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Семенари мазкур дар доираи Лоиҳаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мегардад, ки шарики иҷроияи лоиҳа Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон мебошад. Дар семинари омӯзишӣ зиёда аз 30 рӯзноманигор аз шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои Панҷакент, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Ашт, Конибодом, Исфара ва Истаравшан иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии машғулияти омӯзишӣ  баланд бардоштани сатҳи огоҳии намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони хадамотхои матбуотии ташкилотҳои тандурустӣ ҳиҳати масъалаҳои мубрами марбут ба сирояти нави коронавируси COVID-19, ҳамзамон омӯзонидани  тарзи гузориши маълумоти беғараз, объективӣ ва боэътимод ба ВАО барои пешниҳоди маълумот ба аҳолӣ ва шахсони тасмимгиранда бо мақсади ташаккули рафтори муносиби тамоми бахшҳои ҷомеа дар шароити пандемия мебошад.

Дар доираи лоиҳаи тренингҳои зикршуда зиёда аз 150 намояндаи ВАО-и пойтахт, вилоятҳои ҷумҳурӣ ва кормандони хадамотҳои матбуотӣ малакаҳои касбии худро ҷихати инъикоси масъалаҳои мубрами пандемия ва ҳамкории самарабахш бо аҳолӣ баланд мебардоранд.

Барнома ба ғайр аз тренингҳо, корҳои амалиро дар бар мегирад, ки дар онҳо иштирокчиён метавонанд дониш ва малакаҳои андӯхтаашонро истифода баранд.

Сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мақсуд Фаррухзода  ба иштирокчиени семинар иброз дошт, ки: «Мо таваҷҷуҳи зиёдро ба масъалаҳои саломатии аҳолӣ идома медиҳем ва дар доираи стратегияи мубориза бо сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, чорабиниҳои таълимӣ ва иттилоотиро барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар минтақа ва кишвар мегузаронем. Ваксинатсия масъалаи муҳими рӯзномаи кунунӣ мебошад. Имрӯзҳо маҳз ваксина дар наҷоти одамон нақши муҳим мебозанд. Аммо ваксинзанӣ дар кишвари мо ба таври кофӣ  пеш намеравад, аз ин рӯ тарғибот як василаи муҳими тавсеаи ин раванд аст ва шумо, намояндагони расонаҳо, метавонед бо гузоришу таҳлилҳои хуб ба самаранокии ин маърака саҳм гузоред.  Ман аз ҳар яки шумо хоҳиш мекунам, ки дар ин кори ҳаётан муҳим ба мо кумак кунед, зеро агар  расонаҳои иттилоотӣ дар бораи афзалиятҳои эмкунӣ ҳар чӣ самараноктар иттилоъ паҳн кунанд, ҳамон қадар зудтар мо мушкилоти пандемияро ҳал хоҳем кард. Вазифаи умумии мо ин аст, ки ба мардум кӯмак расонем, то ба саволҳои худ посухи дақиқ пайдо намоянд ва шубҳаҳои онҳо нисбат ба   гирифтани ваксинаҳо бартараф гарданд. Саломатӣ ва некӯаҳволии ҳар як аъзои ҷомеа аз маъракаи бомуваффақияти ваксинасия вобаста аст».

Тренерҳои тиббӣ Мунира Содиқова ва Мунаввар Бутаева дар бораи навсозиҳои охирини омӯзиши сирояти коронавирус маърӯза карданд ва ба саволҳои рӯзноманигорон посух доданд. Рӯзноманигорон-тренерон Н.Қаршибоев ва Ҷамшед Маъруф гуфтанд, ки имрӯз яке аз мушкилоти баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа инъикос ва пешниҳоди маълумоти дақиқ, саривақтӣ ва боэътимод, инчунин масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ ба иттилоот мебошад.

«Ҳадафи мо кумак ба рӯзноманигорон дар ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои гирифтани чунин иттилоот ас», — зикр  карданд тренерон.

Ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон, доктор Рустам Турсунов, «Журналистикаи босифат бо мақсади пешниҳоди маълумоти боэътимод, мутавозин ва воқеъбинона дар бораи таъсири пандемияи COVID-19 ва хатарҳое, ки аз ин ба зиндагии ҳамаи шаҳрвандони кишвар бармеоянд, хеле муҳим аст. Воситаҳои ахбори омма яке аз манбаъҳои асосии иттилоот мебошанд. Боварӣ дорам, ки семинари мо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии намояндагони ВАО дар бораи COVID-19, инчунин роҳандозии муколамаи созанда байни журналистон ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои боз ҳам такмил додани малакаҳои касбӣ дар расонидани иттилооти боэътимод ба аҳолӣ мусоидат намуд».

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳими воситаҳои  ахбори оммаро ҳамчун як қисми ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ  карда,  нақши муҳими  матбуотро  дар раванди иттилоотонии  мардум таъкид намуданд. Ҳамзамон, Вазорат маълумотро дар бораи COVID-19 ҳамчун салоҳияти мутахассисони пешбари тиббӣ эътироф мекунад ва бо омӯзонидани рӯзноманигорон оид ба масъалаҳои пандемия, онҳоро водор мекунад, ки аз паҳн кардани маълумоти бардурӯғ худдорӣ кунанд, паёмҳои иттилоотиро бо андешаҳои мӯътабари коршиносон  мувофиқа намоенд ва онҳоро бо истинод ба манбаъҳои илмӣ бисанҷанд.

Дар ояндаи наздик омӯзишҳо дар вилояти Хатлон ва ВМКБ идома хоҳанд ёфт.

АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат

Сентябрь 25, 2021 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид