Назокат Одиназода дар иртибот ба Фармони Президент: дар чор моҳи соли равон барои кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 5,4 млн сомонӣ ҷудо мегардад
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан итттилоъ дода будем, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 сентябри соли равон «Дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он» ба тасвиб расид.
Сардори шуъбаи идоракунии буҷети соҳаи тандурустӣ, варзишӣ ва ҳифзи иҷтимоии Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки дар асоси фармони мазкур музди маоши амалкунандаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он ба ҳисоби миёна ба андозаи 28 фоиз зиёд гардид.
Мавсуф зикр дошт, ки барои амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли равон «Дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба ҳисоби миёна дар 4 моҳи соли равон 5,4 млн сомонӣ ва барои соли молиявӣ 16,2 млн сомонӣ ҷудо мегардад.
Ба гуфти мавсуф, фармони мазкур ҷиҳати иҷрои банди 41 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18 марти соли 2020 баён карда шудаанд, амалӣ гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд






