Ҳоким Холиқзода: Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низоми бонкдории муосир ташаккул ёфт

Сентябрь 8, 2021 08:18

ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Низоми бонкдории муосири Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили  Бонки миллии Тоҷикистон ташаккул ёфтааст. Чунин гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси  Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким ХОЛИҚЗОДА дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябр  дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

Хоқим Холиқзода зикр намуд, ки тавсияву ҳидоятҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар рушду таҳкими низоми бонкии мамлакат дар замони Истиқлолияти давлатӣ нақши меҳварӣ доранд ва дастовардҳои назаррас дар низоми бонкии кишвар маҳз бо шарофати саъю талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба даст оварда шудаанд.

Ба андешаи Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба- солҳои 1995 ва 2000-ум ислоҳоти пулӣ гузаронида шуд ва Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби пули миллӣ- сомонӣ  гардид, ки ба номи асосгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ марбут аст. Дар солҳои нахустини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот ворид шудани пули миллии сомонӣ на танҳо падидаи ниҳоят муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, балки оғози рушду нумуи иқтисодиёт ва дигаргуниҳои куллӣ ва мусбати ҳаёти ҷомеаи кишварамон маҳсуб меёбад.

Бояд таъкид кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва умуман низоми бонкии ҷумҳурӣ дар давраи Истиқлолияти давлатӣ  тадриҷан ба низоми ҷаҳонии бонкӣ шомил гардид. Ба меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ гузаштани низоми бонкии Тоҷикистон ҳамкории моро ба низоми бонкии ҷаҳонӣ қавитар гардонд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» барои фаъолияти бонкдории исломӣ дар мамлакат роҳ боз  намуд, зикр намуд Ҳоким Холиқзода. Инчунин ҷорӣ намудан ва  фаъолияти босамари низоми электронии пардохт, кортҳои пардохтии бонкӣ, банкоматҳо дар фаъолияти бонкҳои ҷумҳурӣ низ аз дастовардҳои  назаррраси даврони Истиқлолияти давлатӣ мебошанд.

Бо саъю кӯшиши Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ зина ба зина заминаи боэътимоди қонунгузории соҳаи бонкдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳа ба вуҷуд оварда шуд. Бо фароҳам омадани заминаи ҳуқуқӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар низоми муомилоти пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷорӣ намудани усулҳои муосири бонкдорӣ оғоз намуд. Бахусус, ба роҳ мондани ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ ва ташкили инфрасохтори муосири низоми пардохт ба пешрафти низоми бонкии мамлакат ҳамаҷониба мусоидат менамояд, мегӯяд Раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Бо мақсади ҷорӣ намудани маҳсулоти муосири бонкӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии бонкӣ дар ҷумҳурӣ низоми интернет-банкинг ва мобайл-банкинг татбиқ мегардад, ки бо истифода аз он муштариён метавонанд бе мамониат амалиёти пардохти дохилӣ ва фаромарзӣ анҷом диҳанд.

Бо дахли густариши низоми бонкӣ дар кишвар Ҳоким  Холиқзода зикр намуд, ки дар даврони истиқлолият дар низоми бонкии кишвар тағйироти назарраси миқдорӣ ва сифатӣ ба амал оварда шуд. Агар дар соли 1992 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 10 ташкилоти қарзӣ, бо шумули 8 бонк ва 2 ҷамъияти қарздиҳӣ амал мекард, айни замон дар низоми бонкии мамлакат 63 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 15 бонк, 17 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд фаъолият доранд. Инчунин бо зиёд шудани талабот ба хизматрасониҳои бонкӣ кормандони низоми бонкии мамлакат даҳҳо маротиба афзоиш ёфта, имрӯз дар маҷмӯъ  дар низоми бонкии Тоҷикистон 16 999 нафар фаъолияти  пурсамар доранд, ки аз ин омор наздик ба 6 ҳазор нафар  ё 35,7 фоизро бонувон ташкил медиҳанд, мегӯяд Раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Бо такя ба навовариҳои  бонкдорӣ дар ҷаҳон Ҳоким Холиқзода мегӯяд, ки “мо имрӯз бояд кӯшишу талоши худро ба он равона созем, ки аксари навовариҳои бонкдории ҷаҳонро дар фаъолият ва таҷрибаи хеш ҷорӣ намоем ва ҳамқадами ҳаёт бошем. Бинобар ин, зарур дониста шуд, ки сохтори Бонки миллии Тоҷикистон такмил дода шавад ва дар сохтори нав вобаста ба талаботи замони муосир воҳидҳои нави сохторӣ, аз ҷумла Департаменти мониторинги молиявӣ, Идораи суботи молиявӣ, Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, Идораи назорати суғуртавӣ, Идораи низоми пардохт, Пажуҳишгоҳи илмӣ‑тадқиқотӣ, шуъбаи бонкдории исломӣ ва ғайра ворид карда шаванд”.

Дар даврони соҳибихтиёрӣ, хусусан, тайи чанд соли охир ҳаҷми қарздиҳӣ, миқдори амалиёт ва андозаи захираҳои байналмилалӣ садҳо маротиба афзоиш ёфт. Масалан, ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ додашуда аз 1,5 миллион сомонӣ дар соли 1991 ба 5,2 миллиард сомонӣ дар моҳҳои январ-июли соли 2021 баробар гардид, ки нисбат ба соли 1991 ба андозаи 3416 маротиба зиёд мебошад. Ҳамзамон дар иртибот  ба ҳирфаияти кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода изҳор намуд, ки сатҳи баланди дониши касбӣ ва маҳорату малака шарти муҳими пешрафти ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи бонкдорист. Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба такмили ихтисоси кормандон таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад ва шароити мусоид дар ин замина фароҳам оварда шудааст.

Дар маҷмӯъ кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар радифи  дигар кормандони низоми бонкии мамлакат бо меҳнати бунёдкорона, садоқатмандӣ ва фарҳанги баланд дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд ва нақши онҳо дар пешрафти соҳаи ҳаётан муҳими мамлакат мусбат арзёбӣ мешавад. Соли равон 6 корманди Бонки миллии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати садоқатмандона ба мукофотҳои давлатӣ сазовор дониста шуданд. Ба муносибати ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон низ тасмим гирифт, ки барои хизмати шоиста ва саҳми арзанда дар фаъолияти низоми бонкӣ кормандони беҳтарин бо нишони сарисинагии «Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон»  ва ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гарданд.

«Мо ифтихор дорем, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи иқдомҳои созандаи Пешвои миллат низоми бонкии мамлакат зина ба зина ташаккул ёфта, ҳамгироии он бо низоми бонкии ҷаҳонӣ таъмин гардид. Фурсати он расидааст, ки бо такя ба дигар дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ рушди босуботи низоми бонкии кишварро ҳадафи олии фаъолияти минбаъдаамон қарор диҳем»,- гуфт дар интиҳои суҳбат Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода.

  АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2021 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд