Станислав Зас: Дар наздикии марзи Тоҷикистон ва Афғонистон силсиламашқҳои густурдаи Неруҳои дастҷамъии СААД баргузор мешаванд

Сентябрь 16, 2021 13:21

ДУШАНБЕ, 16.09.2021 /АМИТ «Ховар» /. «Роҳбарони кишварҳои узви СААД ба мувофиқа расиданд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо мушкилот ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон ба вуҷуд меоянд, саъю кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ диҳанд. Ин созмон чораҳои амалии дастҷамъӣ таҳия кардааст, ки барои таъмини амнияти Тоҷикистон дар сурати шиддат ёфтани вазъи сарҳад пешбинӣ шудаанд. Бо ҳамин мақсад дар як моҳ дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон силсиламашқҳои густурдаи Неруҳои дастҷамъии СААД- «Ҷустуҷӯ-2021», «Эшелон-2021», «Ҳамкорӣ-2021» ва «Кобалт -2021″ баргузор мешаванд, ки ҳамаи онҳо тибқи нақшаи ягона  мегузаранд»,-гуфт Дабири кулли СААД Станислав Зас ба хабарнигорон пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ.

Ба гуфтаи вай, барои суръат бахшидан ба кори қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки Тоҷикистон дар доираи СААД пешниҳод кардааст, созиш ҳосил шуд. Тоҷикистон, тавре ки медонед, тӯлонитарин марз бо Афғонистонро дорад — 1344 км, ки бисёр мавзеъҳои он аз минтақаи баландкӯҳи дастнорас мегузаранд.

Станислав Зас зикр кард, ки яке аз масъалаҳои асосие, ки имрӯз сарони давлатҳо муҳокима карданд, вазъи Афғонистон буд, ки пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва қӯшунҳои низомии НАТО аз он ба куллӣ тағйир ёфт.

Ҳамлаи босуръати ҷунбиши «Толибон», таҳти назорати он гузаштани қариб тамоми қаламрави Афғонистон, аз ҷумла марзҳои давлатӣ ва пойтахт- шаҳри Кобул, инчунин тағйири қудрат дар кишвар ба вазъияти минтақаи Осиёи Марказии амнияти дастҷамъии СААД таъмири назаррас гузошта, моро ба ташвиши амиқ меорад.

СААД рушди вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро бодиққат назорат мекунад. Ҳадафи аслии Созмон дар шароити мавҷуда таъмини амнияти кишварҳои узви СААД боқӣ мемонад. Ҳамзамон мо дар фаъолияти худ афзалияти сиёсӣ ва дипломатиро идома медиҳем.

АКСҲО:  АМИТ «Ховар»

Сентябрь 16, 2021 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад