16 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҒИЗО. Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад

Октябрь 16, 2021 10:08

ДУШАНБЕ, 16.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасоли 16 октябр Рӯзи ҷаҳонии ғизо таҷлил карда мешавад. Ин сана соли 1979 бо ташаббуси Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО )эълон гардидааст, зеро он ба таъсиси ФАО рост меояд.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар ин бобат баҳри расидан ба мақсадҳое, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Дар ин давра барои расидан ба ин мақсад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла даҳҳо барномаҳои давлатӣ қабулу амалӣ гардида, дар оғози соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин фурсат заминҳои деҳқонӣ, ки бо номи заминҳои президентӣ машҳуранд, ба аҳолии кишвар дода шуданд.

Ба таҳлили коршиносон масъалаи таъмини озуқаворӣ дар дунё яке аз масъалаҳои ҷиддитарин ва мураккабтарин аст, ки ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ва хусусан СММ-ро сахт ба ташвиш овардааст. Дар  Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо масъалаи мазкур вобаста ба ҷиддияти худ  аз оғоз дар қатори яке аз чор масъалаи тақдирсози стратегӣ қарор гирифтааст. Қариб дар ҳама Паёмҳои Пешвои  миллати тоҷикон масъалаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат аз масъалаҳои аввалиндараҷа шуморида шуда, иқдомҳои нав ба наве тарҳандозӣ ва пайгирӣ карда мешаванд, ки  дастовардҳои онҳо дар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат  баръало намоёнанд.

Дар даҳаи дуюми соҳибистиқлолии мамлакат бо мақсади беҳтаргардонии вазъи иҷтимоии мардум ва афзоиш додани парвариш, истеҳсол, коркард ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ ба деҳқонону кишоварзон  заминҳои хоҷагии деҳқонӣ ҷудо карда шуд. Ин иқдом ва ташаббуси  навбатӣ имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ якчанд маротиба афзоиш ёфта, қадамҳои нахустро барои гузариш аз ҷомеаи аграрӣ-санотӣ ба саноатию аграрӣ ба миён гузошт. Ин буд, ки соли 2019,   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳадафи 4-уми стратегии Ҳукумати мамлакат эълон намуд.  Дар асоси ин ибтикорот солҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки маҳсулоти ватанӣ, махсусан озуқаворӣ дар баробари истеҳсол коркард гардида, пешниҳоди аҳолӣ ва ба кишварҳои хориҷӣ содирот карда мешаванд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар тамоми сайёраи Замин зиёда аз 854 млн нафар одамон аз гуруснагӣ ва камбуди ғизо ранҷ мебаранд, ки бартараф намудани ин мушкилӣ аз ҷониби ташкилоти ёрирасон кӯшиш ва заҳмати зиёд талаб мекунад. Ба гуфтаи мутахассисон, амнияти озуқаворӣ дар ҳолате таъмин мегардад, ки миқдори истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ дар дохили давлат ба талаботи мардум ҷавобгӯ буда, 20 фоизи он барои захира басанда бошад. Дар ҳолати нарасидани маҳсулоти дохилӣ давлат ё аҳолӣ қудрати харидории ин намуди маҳсулоти хўроквориро бояд аз дигар кишвар дошта бошанд.

Ҳамчунин пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ низоми муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории ҳар кишвар ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб шуда, он бар уҳдаи вазорату муассисаҳои дахлдор ва кормандони соҳа вогузор шудааст. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иброз доштанд: «Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем»

Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш таъкид намуданд: «Соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо қариб 5 баробар, картошка 7,7, сабзавоту зироати полезӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд шудааст».

Ҳамчунин барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ ва кишоварзии ба ҳар оилаи тоҷик аз ҷониби Сарвари давлат тавсия дода шуд, ки ҳар кишоварз ва ҳар  оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро махсусан дар соли 2021 таъмин намоянд.

Ба гуфти кишоварзони мамлакат, истифода аз самаранокии заминҳои корам, зиёд намудани шумораи гармхонаҳои доимамалкунанда дар мамлакат ба канда нашудани занҷираи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ оварда мерасонад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаи боз

Октябрь 16, 2021 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст