Ангурпарварони шаҳри Турсунзода ба Русия ва Қазоқистон 13,3 ҳазор тонна ангур содирот намудаанд
ДУШАНБЕ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ангурпарварони шаҳри Турсунзода дар даҳ моҳи соли равон ба хориҷи кишвар, асосан ба Федератсияи Русия ва Қазоқистон беш аз 13 ҳазор тонна навъҳои гуногуни ангур содирот намудаанд, ки ин нишондиҳанда соли 2020 дар маҷмуъ 6016 тоннаро ташкил медод. Яъне, танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ содироти ангур аз шаҳри Турсунзода беш аз 200 фоиз афзоиш ёфтааст, иттилоъ дод котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Барои беталаф нигоҳ доштани маҳсулот, таъмини бозори истеъмолӣ ва ба содирот равона кардани маҳсулот дар шаҳри Турсунзода беш аз 40 сардхона бо ғунҷоиши зиёда аз 10800 тонна мавҷуд аст. Соли равон дар натиҷаи риояи талаботи агротехникии парвариши маҳсулот ва мусоид омадани обу ҳаво токзори шаҳри Турсунзода ҳосили хуб дод. Ҳоло дар токзор ва сардхонаҳо ҳосили ангур фаровон аст. Кишоварзон ният доранд, ки то охири соли равон содироти ангурро то ба 20 000 тонна расонида, барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти афзоиши маҳсулоти содиротӣ саҳми муносиб гузоранд.

Дар парвариш ва содироти ангури хушсифат хоҷагиҳои соҳибтаҷриба ва пешқадами шаҳр, назири «Боғи Сомон» , «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» саҳми бештар дошта, дар майдони токзори ин хоҷагиҳо беш аз 10 навъи ангур павариш меёбад, ки дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир буда, ба содирот нигаронида шудаанд. Кишоварзони шаҳри Турсунзода заминҳои корам ва майдони боғу токзорро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






