ЧИН ҲАМКОРИРО БО ТОҶИКИСТОН ТАҲКИМ МЕБАХШАД. Форуми махсус оид ба рушди муносибатҳои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба густариши ҳамкории иқтисодӣ дар минтақа равона шудааст
ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чин натиҷаҳои ҳаштумин Форуми ҳамкории Чину Осиёи Марказиро, ки гузашт, ҷамъбаст карданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Global Times хабар додааст.
Мавзӯи асосии форум рушди ҳамкории иқтисодӣ миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Форум дар якҷоягӣ бо Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд.
Дабири кулли СҲШ Владимир Норов зикр кард, ки чунин мулоқотҳо ба таҳкими ҳамкории сиёсӣ, инчунин муносибатҳо миёни ҳама ҷонибҳо дар таъмини амнияти минтақавӣ ва вокуниш ба чолишҳою таҳдидҳо мусоидат мекунад.
«Дар чунин шароит ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ яке аз афзалият боқӣ мемонад. Мо пешниҳод мекунем, ки ҳифзи муҳити зист ба яке аз масъалаҳои асосии рӯзнома табдил дода шавад. Мо дар таҳияи рӯзномаи рушди устувори ҷаҳонӣ барои давраи то соли 2030 фаъолона ширкат меварзем ва ният дорем, ки то соли 2060 ба бетарафии карбон ноил шавем ”, — гуфт муовини аввали Сарвазири Қазоқистон Алихан Смаилов.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода иброз дошт, ки сарфи назар аз чолишҳои гуногуни давраи нав, иқтисоди Чин рӯ ба афзоиш дорад, ки ба сохтмони муштараки Роҳи абрешими аз лиҳози экологӣ тоза ва рақамӣ таъсири мусбат мерасонад. Сармоягузории Чин ва тиҷорати дуҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тӯли бист сол пай дар пай афзоиш ёфт.
Соли 2020 ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими Чин ба панҷ кишвари минтақа тақрибан 15 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. “Марҳилаи нав дар рушди “Як камарбанд ва як роҳ» метавонад нуқтаи «ҳамоҳангсозии барномаҳои рушди Чин бо стратегияҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад», — афзуд Зоҳир Саидзода.
ДАР АКСИ БОЛО: Сафири Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода ва Дабири кулли СҲШ Владимир Норов. АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин / АМИТ «Ховар»








Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






