Дар Душанбе имрӯз расман мавсими нави гармидиҳӣ оғоз гардид

Октябрь 18, 2021 14:45

ДУШАНБЕ, 18.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 18 октябри соли 2021 Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе  ба кор оғоз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик».

Хотиррасон менамоем, ки ин Марказ дар тобеияти худ марказҳои барқу гармидиҳии рақами 1 ва 2, дегхонаҳои ғарбиву шарқиро доро мебошад.

Интиқоли гармӣ 18 октябр оғоз ёфта бошад ҳам, тавре мутахассисон иброз доштанд, Марказ баъди як-ду рӯз пурра ба реҷаи муқаррари корӣ ворид мегардад.

Имсол нархи гармӣ тағйир наёфтааст. Барои аҳолӣ маблағи пардохт барои 1 метри мураббаъи майдони гармшаванда бо назардошти ААИ 1,18 сомониро ташкил медиҳад. Барои ташкилоти буҷетӣ — 98,67 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардошти ААИ), барои ҳамаи истеъмолкунандагони дигар — 113,47 сомонӣ барои 1 Гккал гармӣ (бе назардошти ААИ).

Маркази барқу гармидиҳии рақами 2 бо истифода аз ангишт кор мекунад ва барои мавсим ба анборҳои он соли ҷорӣқариб 820 ҳазор тонна ангишт кашонда шудааст. Бояд гуфт, ки дар ин марказ пурра ангишти истеҳсоли худӣ истифода мешавад. Кашондани ангишт имрӯзҳо идома дорад.

Иншооти боқимондаи  Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо газе, ки аз ҷумҳурии ҳамсояи Узбекистон ворид карда мешавад, кор мекунанд.

Мувофиқи Нақша дар ин давра Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо иқтидори 460 МВт неруи барқ ва 515 г.калория гармӣ кор мекунад.

Дар ин мавсим 2762 бинову иншооти шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин мегарданд, ки нисбат ба соли гузашта 200 бинову иншоот зиёд мебошад.

Миёни онҳо 2211 бинои истиқоматӣ, 64 муассисаи тиббӣ, 172 мактабу кӯдакистон, 315 корхона ва ташкилот мавҷуданд.

Октябрь 18, 2021 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид