ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Файзканд»-и Восеъ миёни ҳам рақобат мекунанд

Октябрь 15, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бозии мавқуфмондаи марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ баргузор мегардад. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 16:00 оғоз мешавад, иттилоъ дод  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор  гардида буданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо  Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ   бо  КМВА-и шаҳри Душанбе  ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  миёни ҳам  рақобат карданд.

Пас аз натиҷагирии 22 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Истиқлол  пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 52 хол дорад. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 10 хол камтар (42) дар ҷои дуюм аст. КМВА, ки холҳояш ба 36 расидааст, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.

 

 ҶОЙИ   ДАСТАҲО                      Б      Ғ      М      Б      Т-Т       Х
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  21  16  4  1  57-7  52
 2 «Хуҷанд» (Хуҷанд)  21  13  3  5  43-21  42
 3  КМВА (Душанбе)  22  10  6  6  33-26  36
 4  «Истаравшан» (Истаравшан)  22  9  5  8  24-22  32
 5 «Хатлон»(Бохтар)  22  8  5  9  23-27  29
 6  «Эсхата» (Хуҷанд)  22  8  3  11  29-40  27
 7  «Равшан» (Кӯлоб)  22  6  8  8  22-26  26
 8  «Файзканд» (Восеъ)  22  5  5  12  15-29  20
 9  «Кӯктош»(Рӯдакӣ)  22  5  5  12  31-50  20
 10 «Душанбе» (Душанбе)  22  4  6  12  21-50  18

 

                                                                АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 15, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд