«МЕХОҲАМ МАВҚЕИ УСТУВОРИ ШУМОРО ЗИКР НАМОЯМ …». Эммануэл Макрон аз муносиботи котеъонаи Президенти Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи занон истиқбол кард

Октябрь 14, 2021 11:36

ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон бар ин бовар аст, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки муколама оид ба амнияти минтақавӣ ва ба эътидол овардани вазъ дар минтақа тақвият ёбад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 13 октябр, Президенти Фаронса пеш аз оғози музокирот бо Президенти Тоҷикистон дар Қасри Елисей изҳори назар намуд.

«Сафари расмии Шумо имкон медиҳад, ки муколама оид ба масоили амнияти минтақавӣ тақвият ёбад, — гуфт Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон. — Мо кумакеро, ки Фаронса метавонад ба Тоҷикистон дар эътидол овардани вазъ расонад, инчунин мусоидатамонро ба тамоми минтақа баррасӣ хоҳем кард».

«Мехоҳам мавқеи устувори Шуморо дар таҳкими суботи минтақавӣ ва муносибати қотеъонаи Шуморо дар мубориза бар зидди терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи занон зикр намоям», — таъкид кард Эммануэл Макрон ҳангоми истиқболи меҳмони олиқадр.

Ӯ ёдовар шуд, ки «Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва якҷо бо Фаронса аз вазъи минтақа нигарон аст».

Ба гуфтаи Президенти Фаронса, дар мулоқот сарони давлатҳо табодули афкорро оид ба масоили амнияти минтақавӣ, ки чанд ҳафта пеш зимни суҳбати телефонӣ оғоз карда буданд, идома хоҳанд дод.

                                        АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2021 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд