Озмуни «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ҷамъбаст гардид

Октябрь 11, 2021 10:29

ДУШАНБЕ, 11.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 8-9 октябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 намоиш-озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва Форуми меъморони Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, пас аз баррасии лоиҳаҳои пешниҳодгардида, аз ҷониби комиссия оид ба гузаронидани озмун барои беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ғолибон аз рўи номинаи «Беҳтарин асари меъморӣ: Маҷмуаҳои шаҳрсозӣ»  ташкилоти зерин муайян карда шуданд:

-ғолиби ҷойи 1- Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар»,

-ғолиби ҷойи 2 – Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ»,

-ғолиби ҷойи 3 — КВД «Лоиҳакаш».

Ғолибони озмун аз рўи номинаи «Беҳтарин асари меъморӣ: Бино ва иншоот» ин ташкилот гардиданд:

-ғолиби ҷойи 1 КВД ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз»,

-ғолиби ҷойи 2 — ҶСК «Саноатсоз»,

-ғолиби ҷойи 3 — ҶДММ «Арк Синон».

Дар рӯзи дуюми форум муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Умарзода меҳмонони ин форумро хайрамақдам гуфт. Ноиби президенти Иттифоқи меъморони Федератсияи Русия, котиби масъули МАСА, академик И.Воскресенский иброз намуд, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияи Байналмилалии Иттифоқҳои меъморон (МАСА) бо овоздиҳии якдилона Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон Баҳром Юсупов Президенти МАСА интихоб гардид.

Ҳамзамон собиқадорони соҳа ва устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо медали Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва сипосномаҳо сарфароз гардиданд.

Аксҳо аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ

Октябрь 11, 2021 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид