Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод корхонаи муштараки шарбатбарории ҶДММ «Тоҷвайн»-ро ба истифода доданд

Октябрь 4, 2021 15:42

ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ«Ховар»/. 4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи муштараки шарбатбарориро, ки дар деҳаи Шаҳринави деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод ҷойгир мебошад, мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷвайн” дар масоҳати 3,5 гектар бунёд гардида, бо технологияи муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Хатти технологии корхонаи муштараки шарбатбарорӣ аз Италия дастрас гардида, маҳсулоти он дорои сифати баланд ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.

Дар ҳудуди корхонаи мазкур як бинои барҳавои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва анборҳои нигоҳдории ашёи хом бунёд гардида, роҳҳои дохили он мумфарш карда шудаанд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 150 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб гардиданд.

Иқтидори истеҳсолии Корхонаи муштараки шарбатбарорӣ дар як соат коркарди зиёда аз 10 тонна ангур буда, оянда ин нишондод бо дарназардошти имконоти мавҷуда зиёд карда мешавад.

Корхонаи муштараки шарбатбарорӣ аз се коргоҳи асосӣ, коркарди ангур, шустушӯи зарфҳо ва рехтани шарбат ба зарфҳо иборат аст.

Дар корхонаи мазкур 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, зиёда аз 100 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар корхонаи муштараки шарбатбарорӣ аз ангури шаҳдбори мамлакат, ки аз лиҳози экологӣ тоза аст, 5 номгӯй шарбат истеҳсол карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти хатти нави технологӣ дар корхонаи мазкур ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ба соҳибкорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ изҳори миннатдорӣ карданд.

Имконоти дастрасии корхонаи шарбатбарорӣ бо ашёи хом баробари барқарорсозии майдони токзори нав бештар гардид.

Ҳамчунин масъулони корхонаи мазкур тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ ангурро аз хоҷагиҳои токпарварии мамлакат низ дастрас менамоянд.

Бо бунёду барқарорсозии токзори нав, ки майдони парвариши он тадриҷан васеъ мегардад, иқтидори истеҳсолӣ дар корхонаи муштараки шарбатбарорӣ бештар хоҳад шуд.

Дар саҳн ва атрофи корхонаи муштараки шарбатбарорӣ бо истифода аз шароити мусоид дар майдони 0,40 гектар боғи гелос ва дар 1 гектар боғи сиёҳолӯ бунёд карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи босамари ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар соҳибкорон дар бунёди корхонаҳои нави саноатӣ фаъолона саҳм мегузоранд.

Ифтитоҳи корхонаи муштараки шарбатбарории ҶДММ “Тоҷвайн” дар деҳаи Шаҳринави деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод  04.10.2021

Октябрь 4, 2021 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд