Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 35 километр роҳи мошингарди Кӯлоб – Муъминободро мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 4, 2021 17:40

ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Кӯлоб-Муъминободро ба истифода супориданд.

Роҳи мошингарди Кӯлоб-Муъминобод асосан 41 километрро дар бар мегирад, ки 35 километри он бо харҷи 195,4 миллион сомонӣ дар доираи марҳилаи сеюми “Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар зарфи ду сол пурра таъмиру навсозӣ карда шуд.

Фармоишгари Лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод” Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Роҳи мазкур, ки солҳои зиёд ба таъмиру таҷдид ниёз дошт бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра асфалтпӯш карда шуда, ба категорияи 3-юм мансуб аст. Бо бунёди роҳи автомобилгард, ки ба меъёрҳои роҳсозии замони имрӯза ҷавобгӯ мебошад, барои рафту омади сокинон ва меҳмонон шароити арзанда фароҳам оварда шуд.

Ёдовар мешавем, ки барои татбиқи Лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 сентябри соли 2019 оғоз бахшида буданд. Ба иттилои масъулон дар марҳилаи навсозии ин роҳи мошингард, ҳамзамон таъмиру навсозии 35 километр роҳ ва сохтмон ва таҷдиди 6 пул низ ба анҷом расидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи босамари Лоиҳаи «Таҷдиди роҳи мошингарди “Кӯлоб-Муъминобод” ва бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳои бунёдӣ ба роҳсозони тоҷик изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки роҳи мазкур солҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат хоҳад кард.

Мусаллам аст, ки бунёди роҳ аҳаммияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамалакат заминаи воқеъӣ мегузорад. Тибқи лоиҳа инфрасохтори зарурӣ дар роҳи автомобилгарди мазкур, аз қабили 50 қубури обгузар дар мавзеъҳои обҷамъшаванда бунёду таъмир карда шуда, зиёда аз 35 километр ҷуйборҳои бетонӣ, такядеворҳо, воситаҳои иҳотакунанда насб гардидааст.

Барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ хатҳои уфуқӣ кашида шуда, ҳудуди 15 деҳа бо сутунпояҳои 7 метра равшаннамоӣ гардидааст. Дар шафати роҳи мошингарди ҳудуди деҳаҳо роҳҳои пиёдагард низ сохта шуда, аломатҳои роҳ гузошта шудааст. Дар маҳаллаҳои аҳолинишин истгоҳҳо таъмиру навсозӣ ва бо системаи равшанидиҳӣ таъмин гардид.

Сокинони заҳматпешаи ноҳияи Муъминобод барои талошҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рафъи мушкилоти иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоиста изҳори сипосу миннатдорӣ баён карданд.

Бояд тазаккур дод, ки ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод аз минтақаҳои муҳими сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва ба ин мавзеъ сайёҳони хориҷӣ бештар ташриф меоранд. Аз ин рӯ, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ва бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар самти бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аҳаммияти бузург дорад.

Солҳои пеш ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тариқи ин қитъаи роҳ бо мушкилӣ ҷараён мегирифт. Бунёду навсозии роҳи дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ бо ташаббус ва талошҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамарӯза тариқи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд. Ҳамзамон тамоми молу маҳсулоти содироту воридотшаванда интиқол дода мешавад.

Дар ҷараёни корҳои роҳсозӣ аксари коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Зимни ифтитоҳи роҳи мошингарди “Кӯлоб-Муъминобод” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ба роҳсозон изҳори сипос карданд.
Ба истифода додани 35 километр роҳи мошингарди Кӯлоб - Муъминобод 04.10.2021

Октябрь 4, 2021 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва ҶДММ «Илму адаб» созишнома ба имзо расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» иштирок намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент беш аз 800 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои 200 тарбиятгиранда кӯдакистон сохта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Панҷакент иншооти нави таълимӣ ва варзишӣ ба истифода дода шуд