«ТОҶИКИСТОН ЧОРРОҲАИ ВОҚЕИИ ТАМАДДУН АСТ». Президенти Фаронса Эммануэл Макрон намоишгоҳи археологии кишвари моро дар Париж чунин ҳамин гуна шарҳ дод ва онро «ҳайратангез» номид
ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Париж ва Душанбе ба наздикӣ 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатиро таҷлил мекунанд. Дар ин бора Президенти Фаронса Эммануэл Макрон зимни суханронӣ ҳамроҳ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди хабарнигорон пеш аз оғози музокироти сатҳи олӣ ёдовар шуд. Ба гуфтаи Президенти Фаронса, муносибатҳои ду кишвар бар «эътимоди тарафайн» асос ёфтаанд.
Эммунаэл Макрон зикр кард, ки сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтитоҳи намоишгоҳи калони бостоншиносии ҷумҳурӣ бо номи «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» рост омад.
«Ин намоишгоҳи ҳайратангез дар бораи тамаддуни ҳазорсолаест, ки мо имрӯз онро дар Осорхонаи санъати шарқи Париж мекушоем»,-гуфт Президенти Фаронса. Ба зикри ӯ, «ин намоишгоҳ исбот мекунад, ки Тоҷикистон чорроҳаи воқеии тамаддун маҳсуб мешавад».
Эммануэл Макрон афзуд, ки намоишгоҳ натиҷаи кори чандсолаи бостоншиносон ва муҳофизони осорхонаҳои Фаронса ва Тоҷикистон мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






