Тоҷикистон дар самти муосиргардонии хизматрасонӣ ба соҳибкорону сармоягузорон муваффақ аст

Октябрь 15, 2021 15:48

ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар самти рақамисозии тиҷорат ва рушди ҳукумати электронӣ бо истифода аз технологияҳои муосир тадбирҳои мушаххас андешида, солҳои охир ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардидааст. Ин нукта зимни ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе  бахшида ба Рӯзи соҳибкор  дар мавзӯи «Муосиргардонии хизматрасониҳои  давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон» доир гардид, иброз шуд, гузориш медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш доираи васеи намояндагони  мақомоти расмии кишвар, сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, коршиносон, ассотсиатсияҳо ва созмонҳои  соҳибкорӣ, инчунин шарикони рушд ҳузур доштанд.

Раиси  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саъдӣ Қодирзода зикр намуд, ки  бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти куллӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишвар гузаронида шуда, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати  зиндагии аҳолии мамлакат аз солҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ  то имрӯз ҳадафи  стратегии давлат   ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифтааст.

Саъдӣ Қодирзода афзуд, ки   бо мақсади ҳимоя ва дастгирии  фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя  ба соҳаҳои  саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар  бахшҳои афзалиятнок  имтиёзу сабукиҳо пешниҳод гардиданд, ки тибқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ  бозгӯйи дастгирии Ҳукумати мамлакат  барои рушди соҳибкорӣ мебошанд.

Зикр шуд, ки Президенти Тоҷикистон дар Паёмашон  ба Парлумони мамлакат  ба вазорату идораҳо дастур доданд, ки  барои ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар намудани   фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус ҷорӣ намудани расмиёти  электронии баррасӣ  ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ  ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ  ва дар ин раванд бартараф намудани  омилҳои субъективӣ фаъолияти худро  густариш диҳанд.

Барасмиятдарории  фаъолияти сармоягузориро тавассути пурра роҳандозӣ намудани низоми электронию рақамӣ амалӣ созанд ва  фаъолияти марказҳои  хизматрасониро  ба соҳибкорону  сармоягузорон  дар шаҳру ноҳияҳои  мамлакат ба роҳ монанд

Ҷорӣ намудани  низомҳои раванди  равзанаҳои ягона барои барасмиятдарории амалиёти  содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои  техникӣ вобаста ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии  соҳибкорӣ,  амволи ғайриманқул, пардохтҳои электронии  роҳкиро, кортҳои пардохт  ва насби банкомату терминалҳо, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркунӣ тавассути низоми электронӣ ва дигар механизмҳои муосир бо истифода аз технологияҳои муосир  аз дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва аҳолии мамлакат буда, бо сарфаи вақт ва коҳиши хароҷоти пешбурди соҳибкорӣ кори соҳибкоронро осон намуда, ба рушди муназзами соҳибкорӣ  дар кишвар мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки дар доираи рушди ҳукумати электронӣ дар мамлакат дар раванди ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ, технологияҳои молиявию бонкӣ, андозу гумрук,  инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ,  тиҷорат, сохтмон  ва дигар соҳаҳо ҷиҳати  истифодаи васеи  технологияҳои иттилоотӣ тадбирҳои  мушаххас амалӣ гардида, корбарии электронӣ  роҳандозӣ шуд.

Дар ҳамоиш  роҳбарият ва кормандони масъули вазорату  идораҳои мамлакат  ва шарикони рушд доир ба раванди  муосиргардонии  хизматрасонӣ ва ба таври электронӣ  содаю осон намудани   фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, бахусус дар самтҳои расмиёти бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва низоми андозбандӣ, бақайдгирии  молу мулки ғайриманқул,  хизматрасониҳои электронии бонкӣ, пешниҳоди раводиди электронӣ, пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, самти низоми иҷозатдиҳӣ  ва  санҷиши фаъолияти  субъекти хоҷагидор, равзанаи ягонаи барасмиятдарории  амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, низоми содиркунандагони   бақайдгирифташудаи  Иттиҳоди Аврупо (RES – Registered Exporter System), расмиёти апостилгузорӣ, феҳристи ягонаи   давлатии уҳдадориҳои  гаравӣ табодули назар намуданд.

Дар ҳамоиш  муовини сардори Раёсати  такмили қонунгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ Собир Вазиров зимни муаррифии ислоҳот  дар самти содагардонии  расмиёти  бақайдгирии  давлатии фаъолияти  соҳибкорӣ ва низоми андозбандӣ гуфт, ки  бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани  шароит барои афзоиши  шумораи шахсони  ҳуқуқӣ бақайдгирии  давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ройгон ба роҳ монда шуда, дар сомонаи Кумитаи андоз анҷом додани бақайдгирии давлатӣ дар реҷаи  мутақим имконпазир аст.

Ин шакли хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки  муроҷиаткунандагон бидуни рафтан ба мақомоти андоз  ариза ва ҳуҷҷатҳояшонро барои бақайдгирии давлатӣ  тариқи электронӣ пешниҳод намоянд. Инчунин дар Кумитаи андоз  портали хизматрасониҳои андозӣ фарох гардонида шуда,  барои андозсупорандагон 63  адад модулҳои  хизматрасонӣ роҳандозӣ гардидаанд, ки беш аз 145 ҳазор  субъектҳои хоҷагидор  эъломияҳои андозии худро  тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд ва пардохтҳои маблағҳои андоз  тавассути кортҳои бонкӣ  ба таври ғайринақдӣ  ба роҳ монда шудаанд.

Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон доир ба паҳлуҳои дигари муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ бо соҳибкорону сармоягузорон табодули назар намуда, пешниҳодҳои самарабахш манзур намуданд.

                                                      Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар».

Аксҳо аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2021 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид
Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос гардид
Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд