«ЯКҶОЯ МЕХОНЕМ». Натиҷаҳои лоиҳа, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо дастгирии USAID амалӣ мекунад, ҷамъбаст мешаванд

Октябрь 11, 2021 10:46

ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар доираи лоиҳаи «Якҷоя мехонем» ба 80 фоизи китобхонаҳои мактабҳои мамлакат 1,3 миллион китоб бо забони тоҷикӣ ва русӣ ҳадя кард, ки ба беҳтар шудани саводнокӣ ва таълими умумии онҳо мусоидат менамояд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият мегузарад, бо мақсади баланд бардоштани шавқи шаҳрвандон ба китобхонӣ, таҳкими неруи зеҳнӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, ғанӣ гардонидани луғат, густариши олами маънавӣ дар байни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиятгирандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои томактабӣ ва миёна, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин магистрҳо, аспирантон ва докторантҳо, одамони калонсол ва намояндагони касбҳои гуногун баргузор мегардад.  Яке аз ин чунин чорабиниҳои зеҳнӣ, албатта, барномаҳоеянд, ки ҳангоми амалисозии лоиҳаи «Якҷоя мехонем» гузаронида мешаванд.

Лоиҳаи «Якҷоя мехонем» тавассути пешниҳоди китобҳо, маводи таълимӣ, таълими муаллимон, технологияҳои нав ва навовариҳо, ба мисли барномаҳои таълимӣ дар радио ва телевизион натиҷаҳои омӯзиш ва хонишро дар мактабҳои Тоҷикистон беҳтар кардааст. Лоиҳа ба 28000 омӯзгор усулҳои инноватсионии педагогиро омӯзонд, ки иҷрои хонишро барои 665,000 хонандагони синфҳои ибтидоӣ беҳтар намуд. Илова бар ин, лоиҳа дар 115 мактаб 28 лагери тобистона ташкил намуд, ки ба рушди малакаҳои хониш дар зеҳни 4165 хонандаи мактаб мусоидат намуд. Лоиҳа инчунин ба кӯдакони дорои нуқсонҳои биноӣ 7200 китоби кӯдаконаи Брайл тақсим кард.

АКСҲО аз Вазорати маориф ва илми ҶТ/Сафорати ИМА дар ҶТ

Октябрь 11, 2021 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид