Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон то моҳи марти соли 2022 мавқуф гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувонро аз моҳи декабри 2021 то моҳи марти 2022 ба таъхир андохт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сабаби ин тасмим буҳрони коронавирус ва маҳдудиятҳо дар саросари ҷаҳон гуфта шудааст.
AIBA дар як изҳорот гуфтааст, ки «шумораи зиёди федератсияҳои миллӣ дар дохили кишварҳояшон бо вазъияти душвор ва маҳдудиятҳо рӯбарӯ ҳастанд. Ба ин далел шӯрои мудирони AIBA дар мувофиқа бо Федератсияи бокси Туркия тасмим гирифт, ки чемпионати ҷаҳон миёни бонувонро ба моҳи марти соли 2022 мавқуф гузорад».
Истанбул бояд ин мусобиқаро аз 6 то 19 декабр 2021 баргузор мекард.
«Мо медонем, ки баъзе дастаҳо аллакай омодагиро ба ин чорабинӣ оғоз кардаанд ва ноумед хоҳанд шуд, — гуфтааст президенти AIBA Умар Кремлев. — Аммо, бехатарӣ ва солимии варзишгарон, намояндагони расмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои мо авлавият дорад ва аз ин рӯ, наметавонем хатари идомаи ин чорабиниро ба дӯш гирем».
АКС: КМО Тоҷикистон








ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






