Дар Душанбе дар мавзӯи «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 3.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки 4 октябри соли 2011 рӯи чоп омада буд, як идда камбудию норасоиҳо ҷой доштанд, ки он мушкилиҳои зиёдеро пеш меовард ва мақсади асосии таҳияи қоидаи имлои нав бартараф кардани ҳамин камбудиву норасоиҳост. Бо мақсади мукаммалтар шудани ин санади миллӣ ба он «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» низ ҳамроҳ карда шуд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумиҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни баргузории машварат дар мавзӯи «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» иброз намуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ба зикри Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, бинобар мақоми забони давлатӣ ва дурнамои рушду густариши он дар ҷомеа матни имлои забони тоҷикӣ аз нигоҳи интиқодӣ мавриди таҳриру такмили ҷиддӣ қарор гирифт.
Забоншиносони тоҷик иброз доштанд, ки дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» масъалаҳои марбут ба номи ҳарфҳо, имлои овозҳои садоноку ҳамсадоҳо, калимаҳои содаю мураккаб ва таркибҳо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима, имлои ҳиссаи нутқ, махсусан навишти ихтисораҳо, ҳарфҳои калону хурд, тарзи имлои артикли «ал», якҷоя, ҷудо ва бо нимтире навиштани калимаҳо, тарзи дурусти навишти морфемаҳои насабсоз, имлои номи муассисаю корхонаҳо, номи ҷуғрофӣ, асару китобҳо, маҷаллаҳо, мансабу вазифа ва рутбаҳо, имлои нумеративҳо, бандакҳо, пешванду пасвандҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, имло ва тарзи навишти онҳо мушаххас нишон дода шудаанд.
Зимни баргузории машварат зикр намуданд, ки барои ба танзим даровардани калимаҳои иқтибосие, ки овозҳои «ц», «щ» ва «ы» доранд, «Қоидаи имлои забони тоҷикӣ» ҳарфҳои ивазкунандаи онҳоро мушаххас кардааст. Масъалан, дар калимаҳои иқтибосӣ ба ҷойи ҳари ц ҳарфҳои с ва т дар мавридҳои зерин навишта мешаванд:
-дар аввали калима (пеш аз садонок) с навишта мешавад: семент-цемент, сирк-цирк ва ғайра;
-дар байни ду садонок ҳарфҳои тс навишта мешаванд: дотсент – доцент, милитсия – милиция, конститутсия – конституция ва ғайра;
-баъд аз садонок ва пеш аз ҳамсадо ҳарфҳои тс ва пас аз ҳамсадо с навишта мешаванд: Липетск – Липецк, Донетск — Донецк ва ғайра;
-дар охири калима баъд аз садонок тс ва пас аз ҳамсадо с навишта мешавад: платс – плац, кварс – кварц ва ғайра;
Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гардид, ки бобати амалисозии дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз ҷониби гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар ҳайати олимони варзидаи забоншиносон таҳия ва нашр гардида, имрӯз дастраси тамоми қишрҳои ҷомеа мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд






