ФУТБОЛ. Дастаи Тоҷикистон омодагиашро барои бозӣ бо дастаи мунтахаби Қазоқистон оғоз кард

Ноябрь 13, 2021 10:22

ДУШАНБЕ, 13.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи мунтахаби Тоҷикистон омодагии худро ба бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби  Қазоқистон, ки 16 ноябр дар шаҳри Нур-Султон баргузор мекунад, оғоз кард. Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мубин Эргашев ба бозии дӯстонаи дарпешистода 21 бозингарро даъват кардааст, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар хайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон тағйирот ба амал омад. Ба ҷои ҳимоятгарон Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров, ки дар дастаи футболи «Персеполис»-и Эрон ҳастанд ва дар бозӣ бо Қазоқистон иштирок карда наметавонанд, Наимҷон Иброҳимзода аз дастаи «Хуҷанд» ва Ҳусейн Нурматов аз дастаи «Истаравшан» даъват шуданд.

Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ва Тоҷикистон 16 ноябр, соати 19:00 дар варзишгоҳи «Остона-Арена»-и шаҳри Нур-Султон баргузор мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Қазоқистон:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду – «Истиқлол»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»);

Дифоъгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Зоир Ҷурабоев («Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Нуриддин Давронов («Борнео», Индонезия), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов («Ордабаси», Қазоқистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷурабоев, Шервони Мабатшоев (ҳама – «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»).

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон: Мубин Эргашев

                                             АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 13, 2021 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) панҷ бозии санҷишӣ анҷом дод
Рақибони дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд
ФУТБОЛ. Ҳайати ҳакамон аз Узбекистон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Беларусро доварӣ менамояд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳо ба муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ оғоз намуд
ФУТБОЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби занон интихоб шуд
«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад