ХОНА-МУЗЕЙИ САДРИДДИН АЙНӢ КӮЧОНИДА НАМЕШАВАД. Шарҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Ноябрь 19, 2021 11:50

ДУШАНБЕ, 19.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Хона-музейи адиб, олим, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳо ва Қаҳрамони Тоҷикистон — Садриддин Айнӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бартараф карда нашуда, нигоҳдошти минбаъдаи он таъмин карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо пешниҳоду дархостҳо ва ибрози андешаи як зумра олимону нависандагони кишвар дар робита ба кӯчонидани Хона-музейи Устод Айнӣ таваҷҷуҳ намуда, дастур доданд, ки хона-музей  аз байн бурда  нашавад.

Ҳамчунин ба сохторҳои дахлдор супориш додаанд, ки атрофи осорхона ободу зебо нигоҳ дошта шуда, мунтазам корҳои сабзкориву гулзоркунӣ амалӣ карда шаванд, зеро он макони таърихӣ буда,  устод Айнӣ се соли охири ҳаёти худро дар ҳамин манзил гузаронида будааст.

Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ соли 1978 бахшида ба 100-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик бунёд гардидааст. Осорхона аз якчанд толор ва бойгониву маҷлисгоҳ иборат буда, ҳар яке тартиб ва вазифаи хешро дорад. Инчунин дар осорхонаи мазкур осори устод Садриддин Айнӣ, ки ба 30 забони дунё тарҷума шудаанд ва асарҳои адибоне, ки ҳаёту эҷодиёти устодро таҷассум кардаанд, нигоҳ дошта мешаванд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 19, 2021 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд