Иля Федоров, директори департаменти Вазорати рушди иқтисоди ФР: Иқтидори тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ба тавре ки мебояд, истифода нашудааст
ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Иқтидори тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон пурра амалӣ нагардидааст. Чунин изҳор намудааст директори департаменти рушди лоиҳаҳои ҳамгироӣ ва кишварҳои ИДМ-и Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия Иля Федоров (ДАР СУРАТ) дар ҷараёни мизи мудаввар бахшида ба рушд ва такмили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки дар ҳошияи Форуми VII байнипарлумонии «Русия-Тоҷикистон: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ» доир гардид.
«Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб шуда, соли гузашта ҳиссаи мо дар гардиши мол 21,4 фоиз, соли равон 19,8 фоизро ташкил дод», — гуфт ӯ.
Федоров ҳамчунин зикр намуд, ки дар 8 моҳи соли 2021 афзоиши ҳаҷми муомилоти мол тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтааст. Вай хушбинона ин тамоюлро мусбат арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки нишондиҳандаҳои оморӣ бояд «ба рақами миллиард ва бештар аз он» наздик шаванд.
Намояндаи Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия изҳор дошт, ки сатҳи мутақобилаи иқтисодию тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ба иқтидори мавҷуда мутобиқат намекунад.
Барои фаъол гардонидани ҳамкории ду кишвар, ба гуфтаи Федоров, тарҳҳои нави муштарак, роҳандозии равобити мутақобилаи ширкатҳо, фаъолтар истифода бурдани имконоти ниҳодҳои пуштибони содирот ва ҳалли якчанд масъалаҳои иқтисодӣ зарур аст.
Акс аз Вазорати рушди иқтисоди ФР








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






