Маҳкам Маҳмудзода: Ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – омили муҳими рушди давлати соҳибистиқлол

Ноябрь 16, 2021 17:18

ДУШАНБЕ, 16.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Солҳои 2005-2010 бо ташаббуси  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон 91 қонун аз тарафи Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул гардид. Солҳои 2010-2015 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 64 қонун, аз ҷумла 2 қонуни конститутсионӣ, як кодекс, 53 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда пешниҳод шуда, аз тарафи парламент қабул шуданд. Чунин изҳори назар намуд академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Маҳкам Маҳмудзода.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзури хонандагони сомона гардонида мешаванд. 

-Тавре мушоҳида мешавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз давраҳои аввали оғози фаъолияти хеш ба ҳайси Сарвари давлат ба зарурати қабули қонунҳои ҷавобгӯи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд. Ин иқдомро Сарвари давлати Тоҷикистон дар фаъолияти минбаъдаи хеш, аз ҷумла зимни истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бемайлон давом медиҳанд. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро иҷро мекунанд. Тавассути онҳо қонунҳои нав қабул мешаванд ва ба қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд пас аз соҳибистиқлол гардидан роҳи созмон додани ҷомеаи шаҳрвандиро, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, нақши қонун, эҳтиром, риоя ва иҷрои он дар мадди аввал мебошад, пеш гирифт. Дар ин радиф ташаббуси қонунгузорӣ дар Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқ­лолӣ аз ҷониби субъектҳои дорандаи чунин ҳуқуқи конститутсионӣ бо рӯҳияи созандагӣ, барои устувор намудани пояҳои ҳуқуқии давлати демокра­тӣ, ташаккули низоми қонунгузории миллӣ ва таъмини рушди босуботи соҳаҳои гуногуни ҷомеа оғоз гардид.

Ташаббуси қонунгузорӣ давраи аввали ҷараёни эҷоди қонунҳо мебо­шад. Дар ин давраи фаъолияти қонунгузорӣ талаботи объективии ҳаёти ҷомеа, зарурати танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ниёзи ҷомеа ба қонун муайян карда мешавад. Сари вақт ва пурра ба инобат гирифтани талаботи ҷомеа ба танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ барои инкишо­фи минбаъдаи қонунгузорӣ, таъмини назму суботи ҷомеа, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи ман­фиатҳои ҷомеа ва давлат, таъмини рушди минбаъдаи ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Аз ин рӯ, дар таҷрибаи қонунгузории ҷаҳони мута­маддин ба ташаббуси қонунгузорӣ ва субъектҳои он таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мисли давлатҳои ҷаҳони мутамад­дин ташаббусҳои қонунгузории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар такмилу инкишофи қонунгузорӣ, идоракунии соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳким ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат дар бахши таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва фаъолияти озоди иқтисодӣ, танзими фаъолияти низоми бонкӣ, амалӣ гаштани сиёсати андозу молия бағоят калон аст.

Ташаббусҳои созандаи Сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушду нумӯи ҷомеа ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешаванд. Дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардида, бо як қатор таклифҳои муҳим оид ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, алалхусус гурезаҳо ва такмили қонунгузорӣ сухан мекунанд. Дар суханрониҳои Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи таърихӣ ва пас аз баргузории он эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мақсади стратегии давлати Тоҷикистон эълон карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ изҳор мекунад, ки ҷонибдори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, пуштибони ҳуқуқу озодиҳои дахлнопазири инсон ва шаҳрванд мебошад.

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов дар ҳамин иҷлосия дар хусуси аҳамияти Қонуни асосии давлати тозабунёди тоҷикон изҳор доштанд: «Муҳимтарин ҷиҳати ин вазифа то сатҳи ҳуқуқӣ ва маънавии ҳуқуқи байналмилалӣ ва тадбирҳои ҳамагонии онҳо баланд бардоштани қонунгузории давлатист. Аз ин ҷиҳат мо ба хулоса омадем, ки низоми ҷории қонунҳоямонро ба экспертизаи байналмилалӣ фиристем ва ҳам дар баррасии Қонуни асосиамон аз кумаки машваратии ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ истифода барем».

Дар солҳои минбаъдаи истиқлолият бо дарназардошти пешрафти ҷомеа ислоҳоти конститутсионӣ идома ёфт. Аз ҷумла, ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол се маротиба, солҳои 1999, 2003 ва 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тибқи ин тағйиру иловаҳо парламенти думаҷлисаи доимамалкунандаи касбӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи таъсису барҳам додани вазорату кумитаҳои давлатӣ, мустақилона ба раъйпурсии умумихалқӣ баровардани масъалаи тағйиру иловаҳои Конститутсия, мустақилона таъин намудани намояндагони Тоҷикистон (сафирон) ва дар бахшҳои дигари ҳаёти давлату ҷомеа васеъ гардид. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мураккаби сиёсии кишвар, тағйиру иловаҳои саривақтӣ ба он, ки бо маслиҳату пешниҳодҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва бо дарназардошти шароити бамиёномада ва талаботи рӯзафзуни ҳаёти ҷомеа сурат гирифтанд, барои рушди минбаъдаи ҷомеаи Тоҷикистон, ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аҳаммияти басо муҳим доранд.

Ҳамаи ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ташкилу таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва давлат, таъмини волоияти қонун, таъ­мини рушду нумӯи ҷомеаи Тоҷикистон ва танзими қонунии муносибатҳои нави ҷомеа амалӣ гардидаанд.

Хурсандиовар аст, ки имрӯз инкишоф ва такмили минбаъдаи қонунгузории кишвар ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат гардида, Президенти Тоҷикистон дар самти таъмини сифати баланди қонунҳо, риояи қоидаҳо ва усулҳои техникаи қонунгузорӣ, ба меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузорӣ, таъмини волоияти қонун дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон шаклҳои нави амалӣ гаштани ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфтанд. Дар ин давра асосан ду шакли амалишавии ташаббуси қонунгузории Сарвари давлати Тоҷикистон васеъ истифода шуд: 1) дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонун бевосита аз ҷониби Сарвари давлат; 2) дар шакли пешниҳодҳои қонунгузорӣ, яъне пешниҳодҳо дар хусуси зарурати таҳия ва қабули қонунҳо.

Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои асосии фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро иҷро мекунанд. Тавассути онҳо қонунҳои нав қабул мешаванд ва ба қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.

Аз ҷумла, бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мавқуф (мораторий) гузоштан ба ҳукми қатл», «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳои онҳо», «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва як силсила қонунҳои дигар қабул шуданд.

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ таҷрибаи миллии амалӣ гаштани ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт. Ҳоло дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷрибаи ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гаштани лоиҳаи қонунҳои муҳимтарин, ки бо ташаббуси Сарвари давлат таҳия мешаванд, ба ҳукми анъана дарамадааст. Муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонунҳои муҳимтарин, ки бо ташаббуси Сарвари давлат сурат мегирад, таҷрибаи нодир дар таърихи давлатдории тоҷикон маҳсуб мешавад. Ин таҷрибаи бағоят муҳим собит менамояд, ки муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонунҳои муҳим ва баррасии пешакии онҳо бо иштироки намояндагони аҳли ҷомеа барои баланд шудани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҷалби бевоситаи онҳо ба фаъолияти қонунгузорӣ аҳаммияти ҳаётӣ дорад.

Дар ҷараёни ташаббуси қонунгузорӣ, одатан, консепсияи қонун пешниҳод мешавад. Дар он ҳадафҳо ва вазифаҳои қонун, доираи муносибатҳои ҷамъиятии танзимшаванда, манфиатҳои давлат, ҷомеа ва шаҳрвандон сабт мешаванд. Минбаъд дар ҷараёни муҳокимаи консепсияи қонун, аз ҷумла ҳангоми муҳокимаҳои умумихалқӣ бо иштироки олимон, мутахассисон ва аҳли ҷомеа консепсияи қонун мушаххастар мешавад, ба талаботи ҷомеа наздик карда мешавад, иродаи шаҳрвандонро инъикос мекунад. Дар ҷараёни муҳокимаи консепсияи қонун сатҳи баланди омодагии касбӣ, хоҳиши дигаргуниҳои ҷиддии ҳаёти ҷомеа, марому мақсади доираи васеи шаҳрвандон, фаъолнокии иҷтимоии субъектҳои ҳуқуқэҷодкунӣ ва махсусан аҳолӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, ба муҳокимаи аҳли ҷомеа гузоштани лоиҳаи қонун зимни ташаббусҳои қонунгузории Сарвари давлат аҳаммияти муҳим дорад.

Ширкати бевоситаи шаҳрвандон дар муҳокимаи лоиҳаи қонун, ки зимни ташаббуси Сарвари давлат сурат мегирад, як қатор хусусиятҳои нав касб мекунад. Якум, лоиҳаи қонун бевосита аз ҷониби Сарвари давлат, чун мақоми волои давлат, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод мешавад. Дуввум, муҳокимаи умумихалқӣ шакли ошкор ва муайян намудани афкори аҳли ҷомеа мегардад. Саввум, сатҳи эътиқод ва боварии мардум ба сиёсати пешгирифтаи давлат муайян мешавад. Чаҳорум, ширкати аҳолӣ дар муҳокимаи лоиҳаи қонун шакли амалӣ гаштани демократияи бевосита мегардад.

Муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонунҳои муҳим, ки ҳоло дар Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдор гаштааст, минбаъд такмил меёбад. Дар робита ба ин масъала, метавон якчанд омилеро зикр намуд, ки ба муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонун таъсири амиқ мерасонанд:

  • Афзоиши батадриҷи фарҳанг, тафаккур, иттилоъ, дониш ва маърифати аҳолӣ;
  • Баланд шудани сатҳи шуур ва фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ;
  • Беҳтар гаштани сатҳ ва доираи иттилои аҳолӣ дар хусуси равандҳои ҳаёти ҳуқуқии кишвар ва ҷаҳон, инчунин самтҳои сиёсати ҳуқуқии давлат;
  • Васеъ гаштани иттилои гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ оид ба проблемаҳои мавҷудаи ҳаёти ҷомеа, ки танзими ҳуқуқиро талаб мекунанд;
  • Ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
  • Инкишофи қобилияти шаҳрвандон дар соҳаи дарку эҳсоси талаботи ҳалталаби ҳаёти ҷомеа, алалхусус, дар самти танзими ҳуқуқӣ.

Забони давлатӣ яке аз нишонаҳои соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад. Аввалин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи забони давлатӣ» 22 июли соли 1989 қабул шуда буд. Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ дода шуд. Бо та- шаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гашта, он моҳи октябри соли 2009 аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Бо қабули қонуни мазкур истифодаи ҳатмии забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ ба ҳукми қонун даромад. Донистани забони давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон эълон шуд. Ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунӣ ва шахсони ҳуқуқӣ вазифа гузошта шуд, ки барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд. Забони давлатӣ забони коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, забони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, забони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон эълон гардид.

Қонунҳое, ки бо ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул шудаанд, анъанаҳои миллӣ, суннатҳои давлатдории миллӣ, фарҳанги миллӣ ва манфиатҳои миллии Тоҷикистонро ифода мекунанд. Ин хусусияти асосии ҳамаи қонунҳое мебошад, ки лоиҳаи онҳо бевосита аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон пешкаш шудаанд.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи ду қонуни ҳаётан муҳимми миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шуд ва аввалин маротиба дар таҷрибаи ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонун баргузор гардид.

Аҳамияти муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи қонун дар он зоҳир мешавад, ки тавассути он, аз яктараф, ифодаи манфиатҳои миллионҳо нафар шаҳрвандон дар матни қонун таъмин карда мешавад. Аз тарафи дигар, шаҳрвандон бевосита дар муҳокимаи лоиҳаи қонун ва такмили он ширкат варзида, бо ҳамин роҳ масъулияти онҳо дар пешрафти ҷомеа баланд мешавад. Шаҳрвандон зимни ширкат дар муҳокимаи лоиҳаи қонун худро ҳамчун ширкаткунандаи бевоситаи раванди ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳаёти давлат эҳсос мекунанд. Ин, дар навбати худ, боиси баланд гардидани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мегардад.

Ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз марому иродаи халқ сурат мегирад. Яке аз шаклҳои ифодаи иродаи шаҳрвандон дар фаъолияти қонунгузорӣ, аз ҷумла дар ҷараёни амалӣ гаштани ташаббусҳои қонунгузории Сарвари давлат, ширкати бевосита ва фаъолонаи онҳо дар муҳокимаи лоиҳаи қонунҳое маҳсуб мешавад, ки бевосита бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳия шуда, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардидаанд.

Чунончи, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ҳамин тартиб муҳокимашуда, сипас аз ҷониби парламенти кишвар қабул гаштанд.

Қонунҳои мазкур анъанаҳои аҷдодӣ ва меъёрҳои таърихан ташаккулёфтаи халқи тоҷикро дар бобати гузаронидани ҷашну маросимҳои мардумӣ, тарбия ва таълими фарзанд инъикос намуда, дар танзими ҷашну маросимҳо дар шароити таъсири буҳрони  ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, сарфакорӣ, истифодаи оқилонаи маблағт ва  пасандозҳо,  инчунин тарбия ва таълими кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ, анъанаҳои фарҳангӣ, худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ нақшимуҳимдоранд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади танзими оқилонаи анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, ки зарурат ба он дар натиҷаи аз ҳад зиёд серхарҷгардидани ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ, тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ дар гузаронидани тӯю маъракаҳо ва ба бори гарони зиндагӣ табдил ёфтани маросимҳои дафну азодорӣ ба вуҷуд омада буд, қабул гардид.

Бо дарназардошти он, ки қонуни мазкур ба танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои мардумӣ дахл дорад, лоиҳаи он ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд. Дар муҳокимаи лоиҳаи қонун, ки беш аз ду моҳ идома дошт, зиёда аз 20 ҳазор пешниҳоди шаҳрвандон доир ба такмили матни қонун манзур гардиданд. Бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 қабул гардид ва аллакай дар муддати начандон тӯлонӣ зарурат ва аҳаммияти мусбати худро дар беҳтар кардани вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолии кишвар ва сатҳи зиндагии мардум собит намуд.

Қонуни дигаре, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо чунин тарз, яъне бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешакӣ аз ҷониби омма мавриди муҳокима қарор дода шуд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ҳисоб меравад. Президенти кишвар вобаста ба аҳаммияти қонуни мазкур дар вохӯрии худ бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ 14 декабри соли 2010 аз ҷумла иброз доштанд: «бо дарназардошти талаботи ҷомеа ва аҳаммияти бузурги таълиму тарбияи насли наврас зарурате ба миён омадааст,ки доир ба ин масъала қонуни махсус қабул карда шавад. Зеро имрӯз, яъне дар замони ҷаҳонишавии босуръати проблемаҳои башарӣ ва омезиши арзишҳо, ки нақш ва нуфузи таълиму тарбия ҳамчун меъёри иҷтимоӣ ба хотири рушди инсон ва таҳкими сармояи зеҳнӣ асоси бунёди ҷомеаи навро ташкил менамояд, қабули чунин санади муҳим иқдоми саривақтӣ мебошад».

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки аз ҷониби Президенти кишвар ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардида буд, тайи беш аз се моҳ дар байни аҳолии Тоҷикистон мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифт. Лоиҳаи қонун аз тариқи матбуоти мустақили кишвар, расонаҳои расмӣ, радио ва телевизион, маҳфилу суҳбатҳои мухталиф мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифта, ҳамчунин ба шакли китобчаи алоҳида бо теъдоди 200 ҳазор нусха ба нашр расида буд. Лоиҳаи қонун 14 декабри соли 2010 ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Дар муҳокимаи лоиҳаи қонун беш аз 2 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок намуда, 8 ҳазор пешниҳоди онҳо пурра ё қисман ба инобат гирифта шуд. Дар ҷараёни муҳокимаи лоиҳаи қонун аз тарафи беш аз 80 мақомоти давлатӣ, садҳо корхонаву муассисаҳо, 11 ҳазор нафар шаҳрвандон тариқи хаттӣ муроҷиат карда шуд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июни соли 2011 қонуни мазкурро қабул намуд.

Қонуни мазкур барои пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд ва ба ин васила паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ дар байни аҳолӣ аз ҷумла ноболиғон, мусоидат ба эҳтиром ва таъмини риояи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, ташаккулдодани бовар ва эътиқод нисбат ба қонун ва мақомоти давлатӣ мусоидат намуд.

Таърих гувоҳ аст,  ки аҷдоди мо аз қадим ба таълим ва тарбияи фарзандон ва умуман насли наврас аҳаммияти хоса медоданд. Мутафаккирони форсу тоҷик дар эҷодиёти худ ба ин масъала аҳаммияти ҷиддӣ дода, тавассути осори худ тарбияи дурусти насли наврасро пайваста таб­лиғ мекарданд. Ҷамъияти демократию ҳуқуқбунёд низ маҳз ба ҷаво­ноне такя мекунад, ки саводи сиёсиву ҳуқуқӣ дошта, волоияти қонунро асоси фаъолияти худ қарор дода, ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ омодаанд ва расидан ба ин ҳадаф масъулияти баланди падару модаронро тақозо дорад.

Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раванди демократии фаъолияти қонунгузорӣ такмил ёфта, дар раванди қонунгузорӣ, аз ҷумла дар рафти амалӣ гаштани ташаббуси қонунгузории Сарвари давлат зуҳуроти нав ошкор шуданд, ки аҳаммияти зиёди илмиву амалӣ дошта, заминаи таҳқиқоти нави илмӣ гаштанд.

Пеш аз ҳама, ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаклҳои гуногуни зуҳуроти хешро соҳиб гашта, мазмунан ғанӣ гашт.

Ҳамин тариқ, таҷрибаи муҳокимаи пешакии лоиҳаи қонунҳое, ки бо ташаббуси Сарвари давлат сурат мегирад, шакли амалӣ гаштани меъёрҳои дахлдори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигар маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ба муҳокимаи умумихалқӣ баровардани лоиҳаи қонунҳо зимни ташаббусҳои бевоситаи Сарвари давлати Тоҷикистон аҳаммияти амалӣ дорад, аз ҷумла барои инкишоф ва такмили қонунгузорӣ мусоидат мекунад. Ва бояд гуфт, ки аз ин таҷрибаи ватанӣ минбаъд васеъ истифода кардан зарур аст.

Ҳуқуқэҷодкунӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлати тоза­бунёди Тоҷикистон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ҳамеша таваҷҷуҳи махсус ме диҳанд. Вобаста ба ин, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 16 апрели соли 2005 Сарвари давлат бо мақсади такмили фаъолияти қонунэҷокунӣ оид ба зарурати таҳия ва қабули қонуни нав дар соҳаи фаъолияти қонунгузорӣ пешниҳод манзур менамоянд.

Дар робита бо қонуни мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мекунанд:

«Қабул шудани чунин қонун субъектҳои ташаббуси қонунгузориро вазифадор месозад, ки ҳангоми таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо бояд зарурат, аҳаммият ва дурнамои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, асосҳои иқ тисодиву молиявӣ, тартиби татбиқи қонунҳо, аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст ба низом даровардани меъёрҳои қонун ва тартибу усули ҳуқуқии амалигардо­нии қонунҳоро дар мадди назар дошта бошанд».

Тавре аз матни суханронии сарвари давлат бармеояд, дар Паёми маз­кур вазифаҳои зерини субъектҳои фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, пеш аз ҳама, субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ муайян мешаванд:

— ба инобат гирифтани зарурати танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар заминаи таҳлили ҳаматарафаи талаботи воқеии ҳаёти ҷомеа, пеш аз ҳама, бо дарназардошти манфиатҳои давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон;

— ба назар гирифтани аҳаммияти танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъ­иятӣ барои амалӣ намудани талаботи рӯзафзуни аъзои ҷомеа, ҳимояи ҳуқу­қу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷомеа ва давлати Тоҷикистон;

— муайян намудани дурнамои инкишофи ҷомеа ҳангоми танзими ҳуқу­қии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар иртибот бо ҳадафҳои олӣ ва вазифа­ҳои стратегии давлат, таъмини рушди ҷомеа ва давлат, таъмини шароити зиндагии арзанда ба ҳар аъзои ҷомеа;

— ба назар гирифтани асосҳои иқтисодиву молиявӣ ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо бо мақсади таъмини амалишавии саривақтии қонунҳо, гуза­ронидани экспертизаи иқтисодиву молиявии лоиҳаи қонунҳо, ҷалби захи­раҳои кофии иқтисодиву молиявӣ дар ҷараёни татбиқи қонунҳои нав;

— ба инобат гирифтани тарзу усулҳо ва қоидаҳои маъмули татбиқи қо­нунҳо дар асоси дастовардҳои назария ва амалияи ҳуқуқӣ, ҷустуҷӯи шакл­ҳои самараноки татбиқи қонунҳо бо дарназардошти шароити тағйирёбан­даи ҳаёт, наздик намудани талаботи қонун ба масъалаҳои мушахха си ҳаёт, таъмини сифати баланди санадҳои татбиқи ҳуқуқ;

— таъмини низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар заминаи волоияти қонун бо мақсади аз байн бурдани ихтилофоти байни меъёрҳои ҳуқуқӣ, мувофиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Тоҷикис­тон ва қонунҳо, таъмини қонунияти конститутсионӣ;

— ба назар гирифтани тарзу воситаҳо ва усулҳои маъмули танзими ҳуқуқӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва қабулу амалигардонии онҳо, аз ҷумла бо дарназардошти танзими ҳуқуқии муносибатҳои нави хусусӣ дар соҳаи моликиятдории хусусӣ, соҳибкории хусусӣ ва шаклҳои дигари фаъо­лияти иқтисодӣ ва ғайра.

Якҷо бо талаботи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Паёми мазкур ҳамчунин зарурати ба инобат гирифтани манфиатҳои умумидавлатӣ дар матни лоиҳаи қонунҳо зикр гардид. Тавре Сарвари давлат таъкид мекунанд, «аз нигоҳи манфиати идоравӣ таҳия ва пешниҳод кардани лоиҳаи қонунҳо» амалияи номатлубест, ки «дар ҷараёни қонунгузорӣ ба мушоҳида мерасад». Аз ин рӯ, ба назар гирифтани манфиатҳои умумии давлат ва ҷомеа дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи қонунҳо, баланд гузоштани манфиати умумидавлатӣ аз манфиатҳои идоравӣ, ба манфиатҳои умумии давлат тобеъ намудани манфиатҳои идоравӣ вазифаи муҳимми субъектҳои ҳуқуқэҷодкунӣ дониста мешавад.

Таъкиди ин нукта аз он ҷиҳат муҳим аст, ки қонун ҳамеша манфиатҳои умумидавлатиро ифода ва ҳифз мекунад. Маҳз бо ҳамин хусусияташ қонун аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ фарқ мекунад. Ҳамин нишо наи қонун волоияти онро дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмин мекунад.

Дар Паёми зикршуда, ҳамчунин, зарурати риояи қоидаҳои техникаи ҳуқуқӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун, ки дар маҷмӯъ заминаи таъмини сифати баланди қонун мебошанд, таъкид мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус чунин ибрози ақида мекунанд: «Масъалаи дигаре, ки ҳангоми қонунэҷодкунӣ ба мушоҳида мерасад ва ҳалли ҷиддии худро тақозо мекунад, ин таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ба забони давлатӣ, истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ, таъмини низоми мантиқии меъёрҳои қонун мебошад, ки дар маҷмӯъ сифати қонунҳоро таъмин мекунанд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намуданд, ки дар тамоми кишварҳои мутараққӣ ва ҷомеаи мутамаддин «инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҷавҳари асосии сиёсати давлатро ташкил медиҳад», вале «амалӣ намудани ин ҳадафҳои олӣ бе қонунҳои муосири ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи демократӣ ва танзимкунандаи фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ ғайриимкон аст». Дар ин замина ҳадафҳои асосии фаъолияти қонунгузорӣ дар самти танзими муносибатҳои ҷомеа бо дарназардошти ҳадафҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аниқ карда шуданд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар бобати вазифаҳои мақоми қонунгузори мамлакат чунин ибрози ақида намуданд: «Танзими ҳуқуқи итамоми муносибатҳое, ки дар раванди эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба вуҷуд меоянд, яъне таъмини заминаҳои қонунии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат ва ҳаёти ҷомеа рисолати мақоми олии қонунгузори кишвар мебошад ва ин мақоми ҳокимияти давлатӣ қонунҳои ба меъёрҳои пазируфтаи умумибашрӣ мутобиқ ва ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи шаҳрвандиро баррасӣ ва қабул менамояд».

Ҳамчунин ҳадафҳои қонунҳои қабулшаванда дар замони муосир муайян шуданд. Дар ин бора Сарвари давлати Тоҷикистон чунин таъкид намуданд: «Қонунҳои қабулшуда, пеш аз ҳама, ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди соҳаи маорифу фарҳанг ва беҳдошти вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла фазои соҳибкорӣ равона карда шудаанд».

Таҷрибаи қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол далели он аст, ки пешниҳодҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қонунҳо ва масъалаҳои қонунгузорӣ маҳдуд намешавад. Қабул ва амалӣ намудани консепсия ва барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлатӣ ҳоло дар инкишофу рушди ҷомеаи Тоҷикистон нақши ҳалкунанда дорад. Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ садҳо барнома ва нақшаҳои стратегии давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз қабили Консепсияи рушди энергетикаи Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Барномаи рушди содироти Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020, Барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2010-2015, Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020, Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010 2020, Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013, 2015-2017, 2019-2021 ва дигарҳо қабул шуданд.

Ташкили асосҳои ҳуқуқии соҳибкории истеҳсолӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ дониста мешавад. Бо дарназардошти саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисодиёти мамлакат дар Паёми мазкур пешниҳод мешавад, ки лоиҳаи Қонун «Дар бораи ҳимояи давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ» дар таҳрири нав таҳия карда шавад. Қонуни мазкур бо дарназардошти ҳавасманд гардонидани соҳибкорӣ, алалхусус соҳибкории истеҳсолӣ бояд қабул шавад.

Дар Паёми зикршуда пешниҳодҳои нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи рушди соҳибкорӣ садо доданд ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ, истифодаи таҷҳизот ва технологияи муосир ҳамчун афзалиятҳои сиёсати иқтисодӣ эълон карда шуданд. Ҳамзамон бо ин, дар Паём таъкид гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ» ба талаботи замона ҷавобгӯй нест. Зикр шуд, ки қонуни мазкур шумораи аз ҳад зиёди мақомоти назоратӣ ва санҷишҳои беасосро пешбинӣ мекунад. Аз ин хотир, пешниҳод шуд, ки заминаи нави ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам оварда шавад. Ба зиммаи парламенти Тоҷикистон вазифаи такмили қонунгузории соҳаисоҳибкорӣ гузошта шуд. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки лоиҳаи Қонуни нав «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» таҳия карда шавад.

Вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун иштирокчии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аз вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни дигари ин фаъолият фарқ дорад. Вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бо дарназардошти салоҳияти Сарвари давлат, ки дар м.69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, муайян карда мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳимми давлатӣ чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар салоҳияти зиёд дорад.

Тибқим.70КонститутсияиҶумҳурииТоҷикистон:

«Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд».

Фармонҳои меъёрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки оид ба масъалаҳои ҳаётан муҳим қабул мешаванд, дар такмили қонунгузорӣ нақши ҳалкунанда доранд. Дар навбати худ, фармонҳои меъёрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таносуб бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон хусусият ва афзалиятҳои зерин доранд:

  1. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа, аз қабили таъсиси вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, Шӯрои амният, таъини раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ихтиёрдории сармояи захиравӣ, танзими низоми пулӣ, шаҳрвандӣ ва монанди инҳо қабул мешаванд.
  2. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд қабул карда мешаванд. Бо ин мақсад дар солҳои истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонҳо оид ба баланд бардоштани музди меҳнат мунтазам қабул шуданд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа, аз ҷумла дар идоракунии давлатӣ баланд гардид. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳалли масъалаҳои шаҳрвандӣ, бахшиши ҷазо ва монанди инҳо ифодаи сиёсати инсондӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
  3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохти конститутсионӣ, пойдории давлат мебошад. Мутобиқи м.64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад». Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳандозии тадбирҳои иқтисодӣ, молиявӣ, кадрӣ, ташкилӣ ва тадбирҳои дигарро пешбинӣ менамоянд, барои таъмини волоияти Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолатҳои зарурии ҳуқуқиро муҳайё месозанд. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон кафолати истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат мебошанд. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи роҳбарӣ ба татбиқи сиёсати хориҷӣ, имзои қарордодҳои байналмилалӣ ва ғайра риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистонро таъмин мекунанд.
  • Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон замина барои қабули қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои давлатии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроия, мақомоти худидораи шаҳраку деҳот ва такмили қонунгузории кишвар мебошанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ барномаҳо ва консепсияҳои давлатӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Чунончи, барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2007-2010, 2011-2013, 2015-2017, 2019-2021 бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд.

Дар солҳои истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон фармонҳо оид ба масъалаҳои ҳаётан муҳим қабул карда шуданд.

Дар солҳои 1996-1999 бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантҳои таълими рӯзона» аз 24 феврали соли 1996, «Дар бораи ҳавасманд гардонии рушди истеҳсоли металлу сангҳои қиматбаҳо» аз 18 марти соли 1996, «Дар бораи тадбирҳои иловагии танзими сафарҳои хизматӣ» аз 4 марти соли 1997, «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм» аз 21 апрели соли 1997 «Дар  бораи ҷудо кардани 25 ҳазор гектар замин барои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон» аз 1 декабри соли 1997, «Дар бораи зиёд кардани маоши ҳадди ақал, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия» аз 27 декабри соли 1997, «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» аз 21 июли соли 1999, «Дар бораи тадбирҳои иловагии татбиқи Барномаи миёнамӯҳлати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1998-2001» аз 22 октябри соли 1999, «Дар бораи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000-ум гузаронидани соли байналмилалии фарҳанги сулҳ» аз 27 октябри соли 1999, «Дар бораи таҳкими ҷараёни демократику нонии ҳаёти ҷамъиятӣ сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» аз 1 декабри соли 1999, «Дар бораи тадбирҳои навбатии таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани нафақаҳои иҷтимоӣ» аз 1 декабри соли 1999, «Дар бораи тадбирҳои рушди минбаъда ва баланд бардоштани самарабахшии ислоҳоти иқтисодӣ» аз 1 декабри соли 1999 ва ғайра қабул карда шуданд.

Бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо 9 апрели соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Фармони мазкур барои таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Бо мақсади иҷрои Фармони зикршуда Барномаи омӯзиш ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон таҳия гардид, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони роҳбарикунандаи ҳокимияти давлатӣ, ҳокимияти маҳаллӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адлия ва маъмурини шӯъбаҳои ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо таъсис гардид, дар назди Вазорати адлия нашриёти «Қонуният» ва маҷаллаи «Ҳаёт ва қонун» таъсис дода шуд.

Дар асоси Фармони зикршуда Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 қабулгардида, ҳоло давра ба давра амалӣ шуда истодааст. Баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқи ишаҳрандон, алалхусус, наврасону ҷавонон, фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи мақсадҳои асосии барномаи мазкур мебошанд.

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вусъати фаъолияти мураттабсозии қонунгузорӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. Аз ҷумла, 24 феврали cоли 2000 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Тибқи фармони мазкур Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри расмӣ ҳисобида мешавад. Омодасозӣ ва таҳияи Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мураттабсозии қонунгузории Тоҷикистон, таҳияи санади ягонаи расмии мураттабгашта, аз байн бурдани ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тарғиботи ҳуқуқӣ, паҳннамудани иттилооти ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ аҳамияти калон дорад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри cоли 2001 Низомнома дар бораи Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ гардид. Омодасозӣ ва нашри Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Вазорати адлия гузошта шуд.

3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» қабул гардид. Фармони мазкур бо мақсади таъмини иштироки васеи занҳо дар ҳаёти ҷомеа ва идоракунии давлат, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии занҳо, солимгардонидани генофонди миллӣ фаъол намудани саҳми занҳо дар  пойдории арзишҳои ахлоқӣ ва сулҳу ваҳдат қабул карда шудааст.

Тибқи фармони мазкур Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо, баланд намудани масъулияти падару модар дар тарбияи кӯдакон, аз байн бурдани урфу одатҳои куҳнаи зараровар ва ташаккули оилаи солим Барномаи давлатии «Мавқеъ ва нақши зан дар ҷомеа»-ро таҳия ва амалӣ менамояд. Бо мақсади иҷрои фармони зикршуда занҳо бо дарназардошти истеъдоду малака, сифатҳои касбӣ ва кордонӣ ба ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, мақомоти прокуратура ва судҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилотӣ таъин карда мешаванд.

Ҳамчунин аз ҳисоби занҳои мутахассиси босалоҳият ва таҷрибадор яке аз ҷонишинони роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти назди Ҳукумати Тоҷикистон, муассисаҳои давлатӣ, ширкатҳо, иттиҳодияҳо, ташкилотҳо, корхонаҳо, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, мақомоти прокуратура ва судҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна, муассисаҳои фарҳанг ва тандурустӣ таъин карда шуданд.

Тибқи фармони мазкур мақомоти прокуратура, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор карда шуданд, ки муборизаро бо ҳодисаҳои ошкоршудаи истифодаи зулм нисбат ба занҳо, паст намудани қадри онҳо, бисёрзанӣ, маҳдуднамудани ҳуқуқҳои занҳо ва духтарон пурзӯр намоянд.

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди қонунгузории миллӣ назарра буда, дар оянда низ Сарвари давлат бо истифода аз ташаббуси қонунгузорӣ хеш барои пойдории Истиқлолияти давлавлатӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ҷиҳати танзими муносибатҳои нави ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми арзанда хоҳанд   гузошт.

        (Бознашр аз китоби Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон:масъалаҳои ташаккул ва рушд, ҷилди 3, Душанбе, соли 2021)

 

Ноябрь 16, 2021 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ