Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 51,1% иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 27.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи мақсадноки аҳолӣ, ки дар Тоҷикистон бояд бо ваксинатсия бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шаванд, 5 миллиону 826 ҳазору 301 нафар мебошанд, ки аз ин шумора то санаи 27 ноябри соли равон 2 миллиону 977 ҳазору 282 нафар (51,1%) шаҳрвандони мамлакат бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида дар ҳудуди мамлакат 2 миллиону 578 ҳазор нафар (43,3%) гирифтаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттило медиҳад.
Боиси хушнудист, ки шумораи мақсадноки аҳолӣ дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе бо вояҳои якум ва дуюм пурра ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шудаанд.
Ҳамин тавр, то ба ҳолати 26 ноябри соли равон аз рӯи шумораи мақсадноки аҳолӣ дар вилояти Хатлон 45,8% бо вояи якум ва бо вояи дуюм 37,5%, вилояти Суғд 43,8% бо вояи якум ва бо вояи дуюм 34,2%, ВМКБ 67,8% бо вояи якум ва бо вояи дуюм 64,9%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 43,0% бо вояи якум ва бо вояи дуюм 36,9% шаҳрвандон бо ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шудаанд.
Мутаассифона, дар кишвар бархе вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки дар самти иҷроиши нақшаи бо ваксинатсия зидди сирояти коронавирус фаро гирифтани шаҳрвандон нишондоди хуб надоранд.
Махсусан, дар миёни вилоятҳо вилояти Суғд дар самти иҷроиши нақшаи мазкур аз рӯйи фоиз дар сатҳи поён қарор дорад.
Инчунин, иҷроиши нақшаи бо иммунизатсия бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 фаро гирифтани шаҳрвандон аз рӯи шумораи мақсадноки аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Истаравшан, Рашт, Нуробод, Рӯдакӣ, Кушониён, Вахш, Ҷамолиддин Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Кӯлоб, Фархор, Ҳамадонӣ ва Масчоҳ дар сатҳи паст қарор дорад.
Дар ҳамин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони даъват ба амал меорад, ки дар гирифтани вояҳои ваксинаи зидди сирояти коронавирус фаъол бошанд, зеро, ягона роҳе, ки аҳолии кишварро метавонад аз гирифторӣ ба сирояти коронавирус эмин нигоҳ дорад, ин гирифани ваксинаи зидди COVID-19 шумор меравад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






