Масъалаҳои дарёфти бозорҳои содиротӣ дар мулоқоти директори Агентии содироти Тоҷикистон бо Сафири Олмон дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд

Ноябрь 26, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои дарёфти бозорҳои содиротӣ, баланд бардоштани иқтидорҳои содиротӣ ва мусоидат намудан ҷиҳати содироти маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла меваи хушк, пиёз ва сабзӣ 25 ноябр дар мулоқоти  директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн ва директори Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон хонум Сабине Олтхоф мавриди муҳокима қарор гирифтанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Агентии содирот.

Дар ҷараёни мулоқот директори Агентӣ гуфт, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии маҳсулоти кишоварзӣ-ин содироти меваҳои хушсифату тару тоза, мева ва сабзавоти хушк мебошад, ки солҳои охир дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд пайдо намудааст. Маҳсулоти ватании Тоҷикистон аз ҷиҳати экологӣ тоза ва болаззату шаҳдбор буда, дар хориҷи кишвар бозорҳои содиротии худро ёфтаанд.

Зикр шуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул шудааст, ки ҳадафи он рушди содироти молу хизматрасонӣ, таҳкими истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот, кам кардани ҳиссаи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ дар ҳаҷми умумии воридот, фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи сиёсати хориҷии иқтисодии давлатӣ, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Дар заминаи ин барнома дар назди Агентӣ вазифаҳое дар самти дастгирии содирот пешниҳод гардидаанд, ки дар ин самт мусоидати шарикони рушд, аз ҷумла, Сафорати Олмон ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) барои ҳамкории минбаъда мувофиқи мақсад мебошад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ имконияти содироти маҳсулоти ватанӣ, инчунин самтҳои асосии фаъолияти Агентии содирот, аз ҷумла мусоидат ба рушди босуботи миқдор ва сифати содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар, мусоидат дар баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва ҷалби харидорон аз хориҷи кишвар муаррифӣ шуд.

 АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 26, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад